Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва шуъбаи оташхомӯшкунии шаҳри Хуҷанд тибқи нақша чорабиниҳо бо мақсади ҳарчи бештар паст намудани сатҳи бекорӣ ва паст кардани муҳоҷират дар маҳаллаи «1-Май» ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил намуданд.
Дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 700 адад вакансияҳои ҷойҳои кории холӣ мавҷуд буд, ки зиёда аз 100 адад вакансияҳои ҷойҳои кории холӣ Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо нишон додани шароити зист, музди маош ба иштирокунандагон пешниҳод карда шуд. Инчунин ба 9-нафар муҳоҷирони ба Ватан баргашта барои бо кори доимӣ ва мавсимӣ фаро гирифтан роњхат дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки гузаронидани чунин ярмаркањо дар рӯзҳои наздик дар назар аст.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд