Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Агенти меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, бахши машварати касбӣ ва касбинтихобкунӣ ва КИ ҲХДТ дар назди бозори марказии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод доир шуд.
Ин маъракаи муҳим дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва накшаҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Вазорати саноат ва техналогияҳои нав, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари аҳолии бекор ба шуғл дар корхонаву коргоҳҳои саноатӣ.
Бояд тазаккур дод, пеш аз ҳама ба сокинони ноҳия тавсияҳо барои кор дар НБО Роғун дода шуд, ки дар натиҷа бештари сокинони ноҳия барои фаъолияти меҳнатӣ дар бунёди «НБО Роғун», ки барои Тоҷикистон аҳамияти муҳими стратегӣ дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» бо кадрҳои коргарӣ таъсис дода шудааст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод