Дар нимаи дуюми рӯзи 21 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират вохӯрии судманд бо субъектҳои хоҷагидор, ки бо интиқол додани қуваи корӣ ба хориҷи кишвар машғуланд, баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ширкат намуданд.
Бояд қайд, кард ки бо мақсади бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, айни замон дар ҷумҳурӣ 38 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷират буда, барои интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғул мебошанд.
Аз теъдоди умумии субъектҳои интиқолдиҳанда 18 – то субъекти хоҷагидор тавонистанд, ки дар давраи ҳисоботӣ 2975 нафар муҳоҷирони меҳнатиро муташаккилона ба хориҷи кишвар сафарбар намуда, бо ҷои кор таъмин гардониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – 291 нафар зиёд мебошад.
Зимни баромад муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир иброз намуд, ки мақсади баргузории вохӯрӣ, ин таҳлили фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғуланд ва бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта дар самти мазкур мебошад.
Мутаасифона, имрӯз на ҳама субъектҳои хоҷагидор сари вақт ҳисоботи фаъолияташонро ба Хадамот пешниҳод менамоянд.
Инчунин, агарчанде интиқоли шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба кишварҳои хориҷа ба роҳ монда шуда бошад ҳам, вале он ҳанӯз қаноатманд нест.
Дар рафти мулоқот аз ҷониби иштирокчиён – роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати пешбурд ва мушкилотҳои ҷойдошта дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар самти таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кор дар хориҷа, таклифу пешниҳодҳо ироа гардиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират