Имрӯз дар ҷаҳон вазъияте ба амал омадааст, ки зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм хавфу хатари ҷиддӣ ба амнияти башарият гаштааст.
Аз ин ҷост, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб шуда мондааст.
Дар мамлакати мо баҳри пешгирии зуҳуроти ифротӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба мардум фаҳмонида додани ҳадафҳои нопоки душманони хиёнаткори миллат пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад.
Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи ифротгароӣ бо мақсади таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ мубориза мебарад.
Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 90‐ум мебошад.
Мутаассифона, имрӯз бархе аз ифротгароён, хоинони миллат ақидаҳои нодуруст, ҳадафҳои нопоки худро мехоҳанд, амалӣ созанд ва сулҳу суботи ҷомеаи кишвари моро халалдор намоянд.
Вале ҳоло мардум чеҳраи аслии ин афродро шинохтаанд, ки бештари ин шахсон дар гузашта ҷинояткор будаанд.
Ин гуна афроди хиёнаткор арзиши Истиқлолиятро, ки волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик мебошад, қадр намекунанд.
Давоми асрҳои тӯлонӣ миллати тоҷик дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.
Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиш беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин суханони пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардаанд.
Маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки мардуми тоҷик дар муборизаҳо ботаҳаммулона истодагарӣ кард ва роҳи минбаъдаи худро муайян намуд.
Роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шуд. Саркардагон ва пайравони ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мақсадашон ноором кардани ваҳдату ягонагии кишвари мо аст, ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои худ нахоҳанд расид.
Муқаддас доштани Истиқлолияти давлатӣ, ки барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад ва ин арзишҳоро чун гавҳари ноёб аз ҳар гуна гурӯҳҳову афроди бегонаи давлатфурӯш мо бояд эҳтиёт кунем.
Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират