Машғулияти идоравӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират, 26-уми сентябри соли равон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ҷиҳати омӯзиш ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа машғулияти идоравӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Сардори Хадамот Шарифзода Маҳмадсалим Пир ва сардори шуъбаи таълимӣ-методии Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ Нурулло Ғафуриён суханронӣ намуданд.

Ғафуриён Н., дар идомаи суханрониаш вобаста ба истифодаи садонокҳо ва ҳамсадоҳо, тарзи навишти калимаҳо, ки бештар дар шакли ғалати «мавзӯъ, мӯҳлат, оиди, нисбати, хатоӣ, иҷроиш ва ғайра» корбурд мешаванд, маълумот дода, риояи онро дар шакли дуруст ҳангоми коргузорӣ ҳатмӣ шуморид.

Ҳамзамон, ӯ ҷиҳати амалишавии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», банди 48-и «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ андешаронӣ намуд.

Дар анҷоми машғулияти идоравӣ аз ҷониби иштирокдорон саволҳо пешниҳод шуданд, ки намояндаи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дод.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо