Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд доир ба гузаронидани корҳои иттилоотӣ давоми ҳафтаи сипаригашта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати Хистеварз бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрии мазкур сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Камолзода С. байни аҳолии деҳот доир ба мавзӯъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муҳоҷирати бехатар, одамрабоӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва қонунҳои нави Федератсияи Россия суҳбат намуд.
Бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин вохӯриҳо рӯзҳои наздик боз дар назар аст.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд