Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Бохтар вобаст мебошанд, дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути тайёра барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар мекунанд, корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо ба сокинони мамлакат доир ба «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, шаҳрвандонро, бахусус, ҷавононро бори дигар таъкид менамоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил нашаванд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур аз ҷониби кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират ба ҳозирин буклету варақахои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар