Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар назди бозори марказии деҳаи Хоҷамбердиев ҷамоати деҳоти Ошоба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор намуданд.
Дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 330 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҳама ҷамоатҳо ва шаҳраку деҳоти ноҳия, 2 ҳазору 682 ҷойҳои корӣ дар НБО «Роғун» ва зиёда 50 ҷойҳои кории холӣ дар ҶМТКММ «Апрелёвка» бо фарогирии беш аз 400 нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба ватан баргашта баргузор гардид.
Ташкил намудани чунин ярмаркаҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ идома дорад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт