Нодирзода Иматшо
Соли таваллуд: 16 августи соли 1976
Ҷои таваллуд: шаҳри Душанбе
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ
*Соли 2006 – Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона), соли 2011 Донишкадаи иқтисодии Шимолу Ғарбии хизмати давлатии шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия (ғоибона), соли 2018 аспирантураи Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.
Ихтисос: ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ, молия ва қарз, сиёсатшинос
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: англисӣ, русӣ
Вазъи оилави: оиладор, соҳиби 5 фарзанд
* Кор ва фаъолияти собика:
Солҳои 2001-2006 – Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2008 – Ҳуқуқшиноси Нашриёти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Исмоили Сомонӣ асри 21” – шаҳри Душанбе
Солҳои 2008-2012 – Мутахассиси пешбари Сафорати Ҷумҳурии Точикистон дар Федератсияи Россия
Солҳои 2012-2013 – Муваққатан фаъолият накардааст
Солхои 2013-2014 – Мутахассиси шуъбаи кop бо мухочирони мехнатии Намояндагии Вазорати мехнат ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Точикистон дар Федератсияи Россия.
Солҳои 2014-2015 – Мутахассиси шуъбаи кop бо муҳоҷирони меҳнатии Намояндагии Вазорати мехнат, ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
Солхои 2015-2019 – Сардори шуъбаи кор бо муҳоҷирони меҳнатии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
Солҳои 2019-2020 – Сардори шуъбаи аудити дохилии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз январи 2020 то январи соли 2023 – Муовини Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Аз моҳи январи 2023 дар вазифаи Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.