ИМОМЗОДА ИМОМНАЗАР АЮБ
13 январи соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 2009-2014 – донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2014-2015 – мутахассиси Лоиҳаи «Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ»-и Созмони Милали Муттаҳид;
Соли 2015 – ёвари Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2015-2016 – мутахассиси пешбари Шуъбаи протокол ва кор бо васоити ахбори оммаи Раёсати котиботи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2016-2017 – мутахасиси пешбари Шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи дури Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо;
Солҳои 2017-2019 – таҳсил дар магистратураи Донишгоҳи Хирошимаи Ҷопон;
Солҳои 2019-2020 – мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи дури Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2020-2021 – Сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
То феврали 2021 – Муовини сардори Хадамоти муҳоҷират;
Аз феврали соли 2021 то ҳол – Муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират.
Забонҳои русӣ, англисӣ, ҷопонӣ ва арабиро медонад.
Оиладор, соҳиби як фарзанд.