Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” корҳои фаҳмондадиҳиро бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ оиди муҳоҷирати бехатар, хабардор будан аз талаботҳои нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, фаъолияти меҳнатии муввақатӣ дар хориҷи кишвар, пешгирии хавфу хатарҳо, аз қабили ворид шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, инчунин, ба саҳми муҳоҷирони ба ватан бозгашта расонидани мавҷудияти ҷойҳои холии корӣ дар ширкатҳои ватании дохили кишвар, ҳамарӯза ҷоннок намуда истодаанд.

Намояндаи масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ашуров С., зимни суҳбат бо шаҳрвандон вобаста ба мушкилотҳое, ки айни замон дар раванди муҳоҷират ба вуқуъ омадааст, суханронӣ намуда қайд кард, ки пеш аз сафар ба кишвари Федератсияи Россия ҳар яке бояд омодагии ҳамаҷониба дошта бошад. Ёдовар гардид, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия ҳатман шиносномаи хориҷии худро дар маҳзанаи манъшудагон санҷида, аз тавсияҳои намояндагони масъули сохтори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд истифода бурда, сипас азми сафар намоянд.

Бо назардошти вазъияти имрӯза ёдовар гардид, ки барои дохил шудан ба сарҳади Федератсияи Россия донистани қонунҳои нави амалкунандаи ин кишвар дар самти муҳоҷират муҳим буда, бо қадри муошират донистани забон, фарҳангу тамадун ва риояи талаботҳои будубош ва истифодаи мақсадноки телефонҳои мобилӣ дар ин кишвар зарурият дорад. Бо мақсади маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ тартиби бақайдгирии иқомат, тарзи гирифтани патент ва бастани  шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва дигар хизматрасониҳои фаъолияти меҳнатии муввақатӣ дар хориҷи кишвар ба саҳми иштирокдорон расонида шуд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират оид ба масъалаи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус, муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ эктремистӣ, одамрабоӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, омӯзиши фарҳанги бегона ва дигар масоили мубрами рӯз андешаронӣ намуда қайд кард, ки терроризм экстремизм ифротгароӣ, миллатгароӣ бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ боиси халалдор намудани сохти амнияти ҷамъиятӣ қишварҳои осоишта гардида, оқибати парешонҳолӣ ва дигар омилҳои нангин дорад.

 Дар ин ҳолатҳо ҳар як фарди солимфикр бояд худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо дар канор гирад, зеро гурӯҳҳои ифротгаро созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи давъатҳои таблиғотӣ бо истифода аз саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар сомонаҳо бо паёмакҳои телефонӣ, ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ ба сафҳои худ шомил намуда истифода мебаранд.

Бо назардошти гуфтаҳо боло таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо ҳамкориро ба Сафоратхона ва Консулгариҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР дар самти муҳоҷират ба роҳ монанд.

Инчунин, дар раванди вохӯрӣ ба нафароне, ки бо сабабҳои гуногун аз Федератсияи Россия баргардонида шудаанд, барои дарёфти ҷойи кори муносиб дар дохили кишвар тавсияҳои муфид дода шуда ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои маҳали зисташон муроҷиат намуда, барои дарёфти кор ба дастгирӣ фаро гирифта мешаванд.

Қайд гардид, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати арзанда шароиту имконияти хуб фароҳам буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузург аз қабили НБО «Роғун», ҶСП «Ҷунтай-Данғара», «Син силу текстил» ва дигар сохтмонҳои шаҳрсозию азнавсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ ба мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират ҷавобҳои муфид дода шуда, маводҳои таблиғоти ва брошюраҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо