Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки азми сафар ба Федератсияи Россия ва аз ин кишвар баргаштаанд, вобаста ба муҳоҷиратӣ бехатар, пешгирии пайвастани муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои ифротгароии динӣ, савдои одамон ва қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пурзур намуда истодаанд.
Дар рафти суҳбат аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Сафаров Абдулфайз ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки бинобар сабаби расонаӣ гардидани “Рӯйхати шаҳрвандони назоратшаванда”, ҳаракати қаллобон ҷиҳати ба манфиати худ истифода намудани ин ҳолат ва дарёфти маблағи муфт аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд гардидааст.
Вобаста ба ин, аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ба миёнаравон муроҷиат накарда, танҳо ба намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ватан ва Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Бояд қайд кард, ки расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян намудани вазъи будубоши шаҳрвандон аз ҷониби намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон мебошад.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират prmstj@mail.ru истифода намоед.
Ҳамзамон, намояндаи Шуъба ба муҳоҷирон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, дар канор будан аз таблиғоти гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва паёмакҳои телефонӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи шахсони ношинос маълумот дода, тавсия дод, ки дар сурати дучор шудан ба ин амалҳо Шумо метавонед мушкилоти худро ба воситаи Намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва ё мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ҳаллу фасл намоед.
Дар охир ба суолҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби корманди шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб ҷавобҳои мушаххас дода шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон