Вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони Хадамоти муҳоҷират

[:tj]29 январи соли равон вохӯрии навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бо кормандони ин ниҳод дар асоси «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» доир ба таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, фаҳмондадиҳии хавфҳои коррупсия ва дарки зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он доир гардид.

Дар он Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовини якуми сардори Хадамот Муқим Ниёзов, Сардори Раёсати дуи Сарраёсати пешгирии коррупсия Муқим Нигора Аминзода, кормандони Раёсати номбурда Нурмаҳмад Акбарзода ва Ҷамшед Убайдзода ва инчунин кормандони дастгоҳи Хадамот иштирок ва баромад намуданд.

Дар вохӯрӣ кормандони Хадамоти муҳоҷират ба кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуб, ки ҳамчун зуҳуроти хатарноки ҷаҳони муосир ном гирифтааст, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Муқим Нигора Аминзода мақсади гузаронидани чунин вохӯриҳоро дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, ки дар рушди кишвари соҳибистиқлоламон монеаҳоро эҷод мекунанд, арзёбӣ намуданд.

                        Анвар Юсупов
хабарнигори рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»
               дар Хадамоти муҳоҷират.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо