[:tj]Дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия соли равон аз ҷониби ҶДММ “Роҳи Абрешим” оғоз ёфта буд.
15 январи соли равон 2016 ҶДММ “Роҳи Абрешим” 12 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳри Тюмен сафарбар карда, ба мавсими сафарбаркунӣ оғоз бахшид. Бо гарм шудани ҳаво ин раванд суръати тоза гирифта истодааст.
Аз ҷумла, субъекти хоҷагидори мазкур 2 феврали соли љорї 2 гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатиро дар ҳайати 15 ва 22 нафар, 5 феврали соли равон 1 гурӯҳро дар ҳайати 27 нафар ба шаҳри Тюмен сафарбар намуд.
Мӯҳлати сафари ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ 1 сол пешбинӣ шудааст. Онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои мухталифи вилоят мебошанд. Сафарбаркунӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монда шуд.
Дар маросими гусел намояндагони Раёсат корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.
Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]