Ҷавонон Ояндаи Миллатанд!

[:tj]Дар асл чунин аст, зеро имрӯз дар тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолият намудани кадрҳои ҷавон ба назар мерасанд ва хушбахтона сол то сол сафи ҷавонони фаъоли пешбарандаи сиёсати давлат зиёд мегарданд. Аз ин бар меояд, ки Ҳукумати ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон дастгирии ҳамешагии ояндаи миллати худ аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суҳбату вохӯриҳояш таъкид менамояд, ки дастгирии ҷавонон дар соҳаҳои гуногун бояд масъалаи муҳим ва аввалиндараҷа бошад. Ба ин ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳуриву Президенти кишвар вазъи шароити доштаи ҷавонон далел шуда метавонад, ки имрӯз барои беҳгардонии сатҳи донишу фаъолияти ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардидаанд.

Ҳамин тавр дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафи кормандони ҷавон хело зиёд ба назар мерасад, ки ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз зиёди кормандони ҷавони фаъолӣ Хадамоти муҳоҷират дар сатҳи Сардори Раёсат ва сардорони Шуъбаҳо кор ва фаъолият менамоянд, аз ҷумла, Шаҳбоз Раҷабов сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ, Комил Раҷабов Сардори Шуъбаи иҷозатномадиҳи, Бобоҷон Ятимов сардори Шуъбаи молия ва хоҷагидор.

Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират боз ҳам тасмим гирифтааст, ки сафи кормандони фаоъолро дар сатҳи Роҳбарӣ дастгирӣ намояд.

Ҷавонони имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон бечунучаро сиёсати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллати худ Эмомалӣ Раҳмонро дасгирӣ менамояд ва боварии комил дорем, ки ин ҷавони биступанҷсолаи Истиқлолият то абад, ҳамқадами замон, дар таърихи тамадун боқӣ мемонад.

Имсол зимни Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷавонон чунин иброз намуданд.

Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеъа соҳиб шаванд.

Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсосӣ баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.

                  Амиралӣ Шарипов
мутахассиси пешбари Бахши иқтисод ва банақшагирӣ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо