Вохӯрии  судманд дар Колеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар

Дар толори маҷлисии Колеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар вохӯрии судманд бо устодону донишҷӯён дар мавзуи “Савдои одамон дар миқёси байналмиллалӣ” баргузор гардид.

Дар вохӯрии судманд иштирокчиён роҷеъ ба мавзуи “Савдои одамон дар миқёси байналмиллалӣ”, ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷониби нотиқон гуфта шуд, ки гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ, ҷалб намуда бо фирефта намудани меҳнат ва музди маоши баланд шаҳрвандонро дар давлатҳои хориҷӣ ҷалб намуда ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд.

Дар идома зикр гардид, ки аз рӯи баҳодиҳии созмони “Anti-Slavery International” дар ҷаҳон зиёда аз 27 миллион одамон ба таври воқеӣ фирефта шуда, ғулом мебошанд.

Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъолу комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Конвенсия оид ба мубориза ба муқобили савдои одамон ва истифодаи онҳо барои амалҳои ғайри ахлоқӣ аз тарафи шахсони сеюм (соли 1949), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 2000), Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили фаромилӣ (соли 2000) ва санадҳои дигари аҳамияти ҳуқуқидоштаи байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, қоунгузории миллиро дар ин самт пурзур намуда, барои ҳифзи шаҳрвандон, бахусус, кӯдакону занон аз зуроварӣ, таҳқир ва дигар рафтори ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” аз 26-уми июли соли 2014 мавриди амал қарор дода,тадбирҳо меандешад.

Ҳамзамон, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар оид ба вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳон, афзун гардидани хатару таҳдид ба амнияти саросари, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, шуғли пурмаҳсул, тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавон, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, кишту кор, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, баргузории маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ дар доираи меъёрҳои қонун, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон, омода намудани онҳо барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳимро таъкид намуд.

Дар хотимаи вохӯрӣ баромадкунандагон ба ҳозирон оид ба тағйиротҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо” фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо