Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ – таҷассуми сиёсати сулҳофарии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва пешоҳанги ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба яке аз марказҳои ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ, амният, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор табдил ёфт. Дар фазои пуртаниши сиёсии ҷаҳони муосир, ки хатари буҳронҳои доимӣ ва муноқишаҳои фаромиллӣ беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад, ташаббусҳои воқеӣ ва амалӣ барои ҳифзи сулҳ аҳаммияти таърихӣ касб кардаанд. Дар ин замина, қабул гардидани ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036” бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иқдоми созанда ва инсондӯстона дар сатҳи глобалӣ пазируфта шуд.

Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, қабули ин қатънома боз як дастоварди муҳимми сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб мешавад. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ, балки ташаббускори масъалаҳое мебошад, ки ба сарнавишти тамоми инсоният дахл доранд. Ин пешниҳод вокуниши мустақим ба воқеиятҳои ногувори ҷаҳони муосир аст. Имрӯз на танҳо минтақаҳои ҷудогона, балки тамаддуни башарӣ ҳамчун як организми ягона таҳти фишорҳои зиёди низоъ, терроризм, ифротгароӣ, таҳдидҳои рақамӣ, қочоқи силоҳ, афзоиши идеологияҳои нафратангез ва шикасти муколама қарор дорад.

Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036” ҳамчун як ташаббуси муҳим аз ҷониби Тоҷикистон буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкорӣ ва талошҳои муштарак барои таъмини сулҳ ва амнияти комил даъват менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббуси мазкур талош мекунад, ки наслҳои оянда дар шароити сулҳ ва амният ба воя расанд. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо барои рушди дохилии кишвари худ, балки барои рушди устувор ва суботи ҷаҳонӣ низ талошҳои пайваста менамояд. Пешниҳоди мазкур заминаи роҳандозии як раванде аст, ки дар он давлатҳо на фақат бар пояи манфиат, балки бар асоси арзишҳои муштарак, масъулияти таърихӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар фаъолият мекунанд. Ин даҳсола метавонад асоси нави сиёсати байналмилалиро бар мабнои ҳамкорӣ, таҳаммул, ҳамзистӣ ва омӯзиши фарҳанги сулҳгузорӣ гузорад.

Бо пешниҳод намудани қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036” Тоҷикистон боз як маротиба собит сохт, ки ҳарчанд як кишвари хурд дар масоҳат, аммо бузург дар дидгоҳ ва масъулиятшиносии глобалӣ аст. Дар ҳоле ки бисёре аз кишварҳои абарқудрат ба рақобатҳои геополитикӣ машғуланд, Тоҷикистон бо рӯй овардан ба ҳамкорӣ, оромиш ва манфиатҳои умумбашарӣ дидгоҳе пешниҳод мекунад, ки метавонад ба ҷаҳони олудаи ихтилофҳо умед бахшад.

Дар фарҷоми сухан метавон иброз дошт, ки роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар самти барқарорсозии сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ намунаи равшани нақши хиради сиёсӣ, иродаи созанда ва масъулияти таърихӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ ҳамеша масъалаҳои сулҳу субот, рушди давлат ва беҳбудии зиндагии мардумро ҳамчун ҳадафҳои муҳим арзёбӣ намудаанд. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки ташаббусҳое, ки ба хотири таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни миллатҳо пешниҳод мешаванд, метавонанд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Аз ҳамин лиҳоз, метавон гуфт, ки сиёсати сулҳофар ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон на танҳо ба манфиати мардуми кишвар, балки ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ низ равона шудаанд.

Аз ин рӯ, метавон бо эҳсоси ифтихор таъкид намуд, ки саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон ва пешбурди ғояҳои сулҳ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як саҳифаи муҳим дар таърихи муосири кишвар боқӣ хоҳад монд. Агар сулҳ дар Тоҷикистон натиҷаи талошҳои пайгиронаи миллӣ бошад, ташаббусҳои байналмилалӣ барои густариши ин арзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи нав фароҳам меоранд.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо