Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки гурӯҳи тарғиботӣ дар маҳаллаи Мирмуъмин бо фаъолон ва сокинони маҳалла баҳри пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ, бемории сил, пешгирии терроризму экстремизм, тарзи дуруст истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии аз омилҳои номатлуб ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбат намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Фарзона Толибова оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, додани маълумот оид ба кортаъминкунии дар хориҷи кишвар, омодагии пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тарзи супоридани имтиҳонҳо, гирифтани корти муҳоҷирӣ ва дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, додани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони баргашта, ба касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занҳои хонашин, баромад намуда, ба ҳозирин варақаи иттилоотӣ оид ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок тақсим намуд.
Ҳамзамон, вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ, сил, нашъамандӣ дар назди иштирокдорон баромад намуд.
Баромадкунандагон вобаста ба самтҳои фаъолияташон, аз ҷумла омилу сабабҳои амалҳои номатлуб, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон, сабабҳои асоси ихроҷшудани муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии нашъамандӣ, пешгирии терроризму экстремизм, пешгирии муқовимат бо коррупсия, тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳлилу андешаҳои судманд намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират