Дар шароити ҷаҳони муосир, ки инсоният бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, экстремизм, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи таҳкими сулҳу субот ба яке аз афзалиятҳои асосии ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкориҳои созанда дар арсаи байналмилалӣ пайваста ташаббусҳои муҳимро ба миён мегузорад, ки ба таҳкими амният, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувори кишварҳо равона шудаанд. Яке аз чунин ташаббусҳои муҳим пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабули қатънома таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мебошад. Ин ташаббус идомаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон буда, ҳадафи асосии он муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи сулҳ, пешгирии низоъҳо, таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва фароҳам овардани шароити зиндагии осоишта барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Сулҳ яке аз арзишҳои бузургтарини инсоният ба ҳисоб меравад. Бе сулҳу субот рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳо ғайриимкон аст.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҷангҳо ва низоъҳо боиси талафоти ҷонӣ, вайроншавии инфрасохтор, муҳоҷирати маҷбурии аҳолӣ ва афзоиши сатҳи камбизоатӣ мегарданд. Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ бояд вазифаи муштараки ҳамаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бошад. Тоҷикистон аҳамияти сулҳро аз таҷрибаи таърихии худ хуб дарк мекунад. Баъди барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ кишвар роҳи рушди устуворро пеш гирифт ва имрӯз ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф шудааст. Пешниҳоди қатъномаи нав дар бораи даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ боз як далели равшани саҳми Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Ҳадафи асосии ин ташаббус ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳамияти сулҳ, баланд бардоштани нақши дипломатия, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ мебошад. Дар доираи даҳсолаи мазкур давлатҳо метавонанд ҳамкориҳои худро дар самти омӯзиши фарҳанги сулҳ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштарак густариш диҳанд.
Нақши ҷавонон дар татбиқи ин ташаббус хеле муҳим аст. Насли ҷавон бояд дар фазои сулҳу оромӣ тарбия ёбад, донишҳои замонавиро аз худ намояд ва дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузорад. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтироми қонун, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавонад барои пешгирии ифротгароӣ, терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб заминаи мусоид фароҳам оварад. Қатъномаи мазкур инчунин ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намуда, давлатҳоро барои татбиқи иқдомҳои муштарак дар самти ҳифзи сулҳ, пешгирии муноқишаҳо ва расонидани кумак ба минтақаҳои осебпазир ҳидоят мекунад. Бо татбиқи чунин ташаббус имконият фароҳам меояд, ки фарҳанги сулҳ ҳамчун арзиши умумии башарӣ дар тамоми ҷаҳон густариш ёбад. Дар баробари ин, даҳсолаи байналмилалӣ метавонад барои густариши корҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ замина гузорад.
Баргузории конфронсҳо, форумҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ба таҳкими муколамаи байни давлатҳо ва халқҳо мусоидат намуда, ба пайдо намудани роҳҳои нави ҳалли масъалаҳои глобалӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аҳамияти бузурги байналмилалӣ дошта, ба манфиати тамоми инсоният равона шудааст. Ин ташаббус арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориро тарғиб намуда, барои таъмини зиндагии шоиста ва ояндаи осоиштаи наслҳои имрӯзу фардо заминаи устувор мегузорад. Тоҷикистон бо чунин иқдомҳо бори дигар мавқеи худро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ собит намуда, дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ саҳми арзандаи худро мегузорад
Сулҳия Назарова,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт