Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ

[:tj]22 сентябр аз қаламрави вилояти Суғд гурӯҳҳои навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи субъектҳои хоҷагидор ба Федератсияи Русия сафарбар гардиданд.

Аз ҷумла, ҶС “Иттиҳодияи автовокзалҳо” 49 нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар ҳайати 2 гурӯҳ ба шаҳрҳои Москва (16 нафар) ва Красноярск (33 нафар) сафарбар кард. Ин муҳоҷирони сафарбаргардида сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буда, мӯҳлати муҳоҷирати онҳо 1 сол пешбинӣ шудааст.

Дар ин радиф ҶДММ “Суғдиён Помир Тур” 14 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳри Оренбург ба муддати аз 3 то 8 моҳ сафарбар намуд.

 

                                                               Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо