«Нелегел-2017»

[:tj]Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ тибқи Фармоиши якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди гузаронидани амалиёти махсуси «Нелегал-2017» бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза  бар зидди хариду фуруши одамон, пурзўр намудани назорат оид  ба  риояи қоидаҳои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят аз тарафи кормандони Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират  дар  ВМКБ ва Бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохила, Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ  аз 25-уми сентябр то 06-уми октябри соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳои профилактикро тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди ВМКБ амалӣ намуданд.

Аз  ҷумла, дар ин давра аз тарафи мақомотҳои дар боло зикргардида гурўҳҳои корӣ таъсис дода шуда дар бозорҳои марказӣ, нуқтаҳои буду боши шаҳравандони хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, идораву муассисаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ кору фаъолият мекунанд, санҷишҳо гузаронданд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт ҳамагӣ 122 – нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳти санҷиш қарор дода шуданд. Аз  ин шумора  15 –нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, 20-нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 8 – нафар шаҳрванди Ҳиндустон,  55- нафар  шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии  Чин, 8-нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Сербия, 6-нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия, 1-нафар шаҳрванди ИМА, 3-нафар шаҳрвандони Олмон ва 6-нафар шаҳрванди Русия  мебошанд.

Дар рафти амалиёт аз тарафи гурўҳҳои корӣ 1 -нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва 2-нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани қоидаҳои буду бош ва муҳоҷирати меҳнатӣ тибқи қонунҳои  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ  кашида шуданд.

Бахусус, шаҳрванди Федератсияи Русия Ефремов Егор соли таввалудаш 19.03.1983  бо моддаи 497 қ 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1000 сомонӣ тибқи қарори суди шаҳри Хоруғ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷудалиев Мавҷудали соли таввалудаш 16.10.1984 истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ кучаи Айни 34 бо моддаи 470 қ 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси масъул барои сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба маблағи 1500 сомонӣ ва Гуламадшоев Неъмат соли таввалудаш 19.03.1984 истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ кучаи Ленин 118 бо моддаи 470 қ 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси масъул барои сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба маблағи 2500 сомонӣ ҷаримабанди карда шуданд.

Дар рафти амалиёт аз тарафи гурўҳи кории  номбурда суҳбатҳо бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони маъсули қабулкунанда дар самти риояи қоидаҳои буду бош аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ВМКБ  гузаронида шуданд.

 

                                                                        Хайруллоев Нуриддин

                                                         сармутахассиси Шуъбаи Хадамоти

                                                                               муҳоҷират дар ВМКБ                                      

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо