[:tj]Дар асоси супориши Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кормандони Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан хонаводаи Ашӯров Фурқатро аёдат намуданд. Номбурда собиқ муҳоҷири меҳнатӣ, падари 2 фарзанд, зодаи Ҷамоати деҳоти Гули сурх, деҳаи Равғангарон буда, дар натиҷаи садамаи автомобилӣ дар ҳудуди вилояти Тюмен ба ҳалокат расидааст.
Гурӯҳи аёдатӣ ба падару модари марҳум аз номи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан ҳамдардӣ баён намуданд. Ба ин оила ҳамчунин кӯмаки яквақтаи моддӣ дастрас карда шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Истаравшан
[:]