Таҷлили Рўзи Парчам дар Хадамоти муҳоҷират

[:tj]Дар саҳни бинои Хадамоти муҳоҷират, ки шумораи зиёди парчам қомат афрохтааст, 23-уми ноябр ба ифтихори Рўзи Парчам ҷамъомади бошукўҳи тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода кормандонро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, зикр кард, боиси фараҳмандист, ки ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рўзи Парчам дар мамлакат таҷлил мешавад.

Дар идома ў, инчунин, аз таърихи пайдоиши парчам ва эҳтирому гиромӣ доштани он сухан ронд. Мавсуф таъкид дошт, ки таври маълум парчам яке аз рамзҳо ва муқаддасоти миллию давлатдорӣ маҳсуб меёбад, ки ба гунаи зарурӣ ва дар ҳолатҳою маконҳои муқарраршуда онро истифода намоянд. Ба ақидаи ў, парчам бояд ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бошад.

Ў афзуд, ки парчаму парчамбардорӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст. Ҳадафи баргузории ин чорабинӣ пеш аз ҳама шиносоии ҷавонон бо анъана ва дастовардҳои миллӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҳар як фард нисбат ба Парчам ва таърихи он мебошад.

Бо сухани табрикӣ дар назди хозирин муовини сардори Хадамот Толиб Шарипов баромад намуда, қайд намуданд, ки чанд сол аст, мардуми шарифи Тоҷикистон Рўзи Парчами миллиро, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо муқаррар шудааст, дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ормонҳои чандинасраи халқамон таҷлил мекунанд.

Парчами миллии мо таърихи бою рангини чандинҳазорсола дорад. Таърих собит намудааст, ки қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон яке аз аввалинҳо шуда, ойини парчамдориро ба вуҷуд овардаанд.

Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллат қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дошта, мардуми сарзаминро ба хотири амалӣ намудани мақсаду мароми некбинона даъват мекунад.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки яке аз дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардидани Парчами давлатӣ мебошад.

Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар он нишонаҳои Парчам, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ гардид.

12 майи соли 2007 «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар он тартиби афрохтани Парчам, ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардида, Парчам ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.

Аз 19 ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рўзҳои ид тағйирот ворид карда, 24 ноябр – Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рўзи ид қонунӣ гардонида шуд.
Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Яъне, парчами давлатӣ барои мо як пораи матои оддӣ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандўстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст.
Ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол парчами миллии мо имрўз дорои се ранг аст: сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамӣ ва абадият мебошад.
Парчами давлати Тоҷикистон чун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас аст. Дар рў ба рўи парчами давлати Тоҷикистон аз сарбози оддӣ то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.

Дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар парчами мо партавфишонӣ мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кишваре сафар кунад ва мулоқот анҷом диҳад ё варзишгарони тоҷик чун дар мусобиқаҳо пирўзӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ парчами кишварамон низ афрохта мешавад.
Хуллас, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллатро аз оғози таърих то ба имрўз дорад. Эҳтироми ливо – арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ба ниёгони тамаддунсозамон, эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорист. Аз ин хотир, эҳтироми парчами миллӣ бояд дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шавад, – иброз намуд ў.

Сипас дар назди иштирокчиёни ҷамъомад директори МД “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба минаҳо” Муҳаббат Иброҳимзода, директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ш. Душанбе Суҳроб Тошев, кормандони дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират Муҳаммад Файзуллоев, Дилшод Самадов, Маҳина Носирова, Некрўз Абдуллоев ва дигарон баромад карда, оид ба мафҳуми Парчам суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом Сардори Хадамот ҳамаи кормандонро самимона табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатӣ ва хушбахтиву хонаободӣ орзу намуд.

                                                                    Анвар Юсупов

                                                 хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо