Дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандон санҷида шуд

[:tj]Дар асоси нақшаи кории Раёсат 29-30 ноябр 47 нафар кормандони дастгоҳи Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо бо баҳогузорӣ фаро гирифта шуданд. Бо роҳи саволу ҷавоб дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандон санҷида шуд.

Баҳогузории кормандони Раёсат вобаста ба донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи муҳоҷират аз рӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддасоти миллӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Гурӯҳи корӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона намуд, ки баҳодиҳӣ аз рӯи талаботи «Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷараён гирад. Ҳамзамон ҷиҳати баҳои холисона ва воқеӣ додан ба фаъолияти ҳар як нафар хизматчии давлатӣ кӯшиш намуд.

Ҳамаи хизматчиёни давлатӣ аз баҳои додашуда розӣ буда, натиҷаҳои баҳогузорӣ бо иштироки кулли кормандон 30.11.2017 дар маҷлиси корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва баланд бардоштани малакаи корию дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии худ дастурҳои мушаххас  гирифтанд.

Қарор карда шуд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандон бо роҳи ташкили машғулиятҳои омӯзишӣ ва санҷишҳо минбаъд низ чораҳои амалӣ андешида шавад.

 

                                                                   Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо