«Рўзи байналмилалии муҳоҷир» таҷлил гардид!

[:ru]18 декабр дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рўзи байналмилалии муҳоҷир» мизи мудаввар дар мавзўи «Муҳоҷирати байналхалқӣ ва аҳамияти он барои рушди давлатҳои рў ба инкишоф» бо иштироки муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, роҳбари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ, коршиносону муҳаққиқони соҳаи муҳоҷират баргузор гардид.
Нахуст муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нурулло Маҳмадулозода ташрифи меҳмононро хайрамақдам гуфта, оиди фаъолияти Хадамоти муҳоҷират корҳои анҷомдодашуда ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳоро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, сухан гуфт.
Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи байналмилалии СММ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро 7 сентябри соли 2000-ум ба имзо расонид, ки он соли 2001-ум эътироф гардида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2001, №462 ба тасвиб расида, нисбати Тоҷикистон аз соли 2002 қувваи ҳуқуқӣ пайдо намуд.
Муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Муқим Ниёзов доир ба дастовардҳои Хадамоти муҳоҷират дар тўли соли 2017 ва таҳияи лоиҳаҳои як қатор созишномаҳо бо Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ёддовар шуд.
Дар фарҷом намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фикру мулоҳизаҳои хешро доир ба таҷлили ин сана ва аҳамияти таърихии ин рўз дар ҷаҳон, баён доштанд.
Анвар Юсупов
хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»
[:en]18 декабр дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рўзи байналмилалии муҳоҷир» мизи мудаввар дар мавзўи «Муҳоҷирати байналхалқӣ ва аҳамияти он барои рушди давлатҳои рў ба инкишоф» бо иштироки муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, роҳбари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ, коршиносону муҳаққиқони соҳаи муҳоҷират баргузор гардид.
Нахуст муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нурулло Маҳмадулозода ташрифи меҳмононро хайрамақдам гуфта, оиди фаъолияти Хадамоти муҳоҷират корҳои анҷомдодашуда ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳоро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, сухан гуфт.
Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи байналмилалии СММ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро 7 сентябри соли 2000-ум ба имзо расонид, ки он соли 2001-ум эътироф гардида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2001, №462 ба тасвиб расида, нисбати Тоҷикистон аз соли 2002 қувваи ҳуқуқӣ пайдо намуд.
Муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Муқим Ниёзов доир ба дастовардҳои Хадамоти муҳоҷират дар тўли соли 2017 ва таҳияи лоиҳаҳои як қатор созишномаҳо бо Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ёддовар шуд.
Дар фарҷом намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фикру мулоҳизаҳои хешро доир ба таҷлили ин сана ва аҳамияти таърихии ин рўз дар ҷаҳон, баён доштанд.
Анвар Юсупов
хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»
[:tj]

          18 декабр дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рўзи байналмилалии муҳоҷир» мизи мудаввар дар мавзўи «Муҳоҷирати байналхалқӣ ва аҳамияти он барои рушди давлатҳои рў ба инкишоф» бо иштироки муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, роҳбари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ, коршиносону муҳаққиқони соҳаи муҳоҷират баргузор гардид.

          Нахуст муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нурулло Маҳмадулозода ташрифи меҳмононро хайрамақдам гуфта, оиди фаъолияти Хадамоти муҳоҷират корҳои анҷомдодашуда ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳоро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, сухан гуфт.

          Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи байналмилалии СММ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро 7 сентябри соли 2000-ум ба имзо расонид, ки он соли 2001-ум эътироф гардида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2001, №462 ба тасвиб расида, нисбати Тоҷикистон аз соли 2002 қувваи ҳуқуқӣ пайдо намуд.

          Муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Муқим Ниёзов доир ба дастовардҳои Хадамоти муҳоҷират дар тўли соли 2017 ва таҳияи лоиҳаҳои як қатор созишномаҳо бо Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ёддовар шуд.

        Дар фарҷом намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фикру мулоҳизаҳои хешро доир ба таҷлили ин сана ва аҳамияти таърихии ин рўз дар ҷаҳон, баён доштанд.

Анвар Юсупов
хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо