Паём ин Роҳнамои мост

[:tj]Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми анъанавии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола чун Роҳнамои фаъолияти худ қабул менамояд ва ҷиҳати татбиқи муҳимтарин нуқтаҳои он тадбирҳои амалӣ меандешад.

Аз ҷумла, 22 декабр дар Хадамоти муҳоҷират шунидани Паёми Пешвои миллат ба таври муташаккилона ба роҳ монда шуд. Ҳамаи кормандони дастгоҳи Хадамот аз оинаи нилгун дар якҷоягӣ Паёмро гўш ва суханронии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.
Мисолҳои мушаххас ва рақамҳои овардаи мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон низ нишон дод, ки Тоҷикистонро ояндаи дурахшон дар пеш аст. Ғамхориҳои давлату Ҳукумат, шахсан Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаҳои иҷтимоӣ ва табақаҳои ниёзманд, музди меҳнати мутахассисони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз зиёд карда мешавад,  нақшаҳои минбаъдаи рушду нуму ва ҳадафи асосии зикр намудаашон ба аҳли ҷомеаи меҳнатии Хадамоти муҳоҷират рўҳу илҳоми тоза бахшид.

Кормандони Хадамоти муҳоҷират якдилона Паёмро маъқул дониста онро ҷонибдорӣ намуданд. Барои таъмини иҷрои саривақтии вазифагузориҳои мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, касбомўзонию, забономўзонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби дастовардҳои Истиқлолият ва сиёсати давлату Ҳукумат, пешгирии омилҳои номатлуб, бузургдошти забони давлатӣ, дастгирии ниёзмандон ва ғайра мунтазам кўшиш ба харҷ медиҳем.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони касбии мамлакат самтҳои асосии фаъолияту зиндагии кулли тоҷикистониёнро барои як сол ва солҳои минбаъда муайяну мушаххас кард. Хадамоти муҳоҷират баҳри иҷрои саривақтии ҳама вазифагузориҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳо босамар истифода хоҳад бурд.

 

                                                          Анвар Юсупов

                                       хабаргузори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо