Баррасии масъалаҳои доғи рўз

[:tj]12 феврал дар МИҲД-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд машварати корӣ доир гардид. Дар машварат раиси ноҳия, муовинони раис, мудирони шуъбаю бахшҳои МИҲД, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳал, кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва фаъолони ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Машварати корӣ асосан ба муҳокимаи масъалаҳои доғи рўз, аз ҷумла мубориза бо экстремизму терроризм, бемориҳои гузаранда, гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муҳоҷирати меҳнатӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд.

Дар назди иштирокчиён баъди сухани муқаддимавии раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, мудири бахши ҷавонон ва варзиш, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо СПИД, ҷонишини сардори ШВКД ҶТ ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия маърўза карданд.

Баромади мудири бахши Хадамоти муҳоҷират асосан ба мавзўи муҳоҷирати бехатар бахшида шуд. Мавсуф ба ҳозирин моҳияти Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 09.05.2017, №202 “Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 дар Федератсияи Россия” – ро фаҳмонида, аз онҳо хоҳиш намуд, ки дигар шаҳрвандонро бохабар созанд.

                                                                        бахши Хадамоти муҳољират                                                                                            дар ноҳияи Спитамен[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо