Баррасии масоили муҳоҷирати меҳнатӣ

[:tj]Дар радифи сафарбаркунии муташаккилона ва бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии бозгашта аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби имрўзу маҳсуб мешавад, ки хусусияту муаммоҳои ба худ хос дорад. Дар семинар – тренинге, ки 30 март дар Муассисаи давлатии «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он, намояндагони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ», Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва воситаҳои ахбори омма доир гардид, асосан ҳамин мавзўъ баррасӣ шуд.                      Ёдовар мешавем, ки семинар – тренинг бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар сатҳи баланди ташкилӣ гузашт ва чуноне ки зимни мусоҳибаи кўтоҳ баён доштанд, боиси қаноатмандии иштирокчиён шуд.                        Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират Зайнура Шарифӣ оғоз бахшида, ташкилкунандагонро ба аҳли толор муаррифӣ намуд ва барои чунин иқдоми нек ба онҳо миннатдорӣ баён кард.                                                      Баромади пурмўҳтаво, муаррифии «Харитаи роҳ» ва машварати сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадбеков Моёншо Шодмонович оид ба реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ ба бисёр муаммоҳои дар ин самт ҷойдошта равшанӣ бахшид. Махсусан мисолҳои мушаххаси овардашуда аз таҷрибаи дигар давлатҳо, зикри тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, роҳҳои фароҳам овардани ҷойҳои нав ва бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии бозгашта, дастгирии маънавӣ ва моддиву молиявӣ, ҳамзамон фарогирии онҳо ба касбу ҳунаромўзӣ боиси баланд гардидани донишу малакаи иштирокчиён шуд, ки ба фаъолияти минбаъдаашон бетаъсир нахоҳад монд.                                    Ҳуқуҳшиноси ТҶ «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» Улуғбек Авезов диққати аҳли толорро ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамзамон хатарҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои Аврупо, Кореяи Ҷанубӣ ва давлатҳои араб ҷалб намуд. Бо овардани мисолҳои мушаххас ва намоиши наворҳо аз зиндагии собиқ муҳоҷирони меҳнатии дар ин кишварҳо гирифтори шиканҷа ва зулму ситамшуда аз иштирокчиён дархост шуд, ки дар рафти фаъолияташон бо истифода аз имкониятҳо аҳли ҷомеаро аз чунин хатарҳо бештар огоҳ намоянд.                     Падидаи ҷолиб ташкили робитаи мустақим – вебинар дар соҳаи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия буд. Давоми зиёда аз ду соат иштирокчиён имкон доштанд, ки ба пурсишҳои худ вобаста ба навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии ин кишвар ва талаботҳои нав посух гиранд. Ба саволҳо намояндаи «ПСП ФОНД» аз шаҳри Санкт – Питербург ҷавоб дод.                                                                        Дар муаррифии «Китобчаи иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ» низ аҳли толор фаъолона ширкат намуданд. Бо роҳи саволу ҷавоб ва суҳбати озод онҳо таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати боз ҳам комилтар гардидани он баён доштанд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ низ ба китобча ворид гардад.        Дар идомаи семинар – тренинг Сомонаи интернетии «Муҳоҷир. инфо»-ро масъули бахши иттилооти ТҶ «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» Шоира Юсупова муаррифӣ намуд. Ба иштирокчиён имкониятҳои васеи сомонаи зикршуда ва усулҳои истифода аз он нишон дода шуд.                                                                                                 Дар рафти чорабинӣ, ки ба таври муоширати озод, саволу ҷавоби мушаххас, бе расмиятчигӣ гузашт, имкониятҳои технологияи муосир ба таври васеъ истифода гардид. Ҳамзамон вобаста ба мавзўъҳои баррасишуда иштирокчиён бо варақаҳои иттилоотӣ ва маълумотномаҳо таъмин шуданд.                                                      Зимни ҷамъбасти семинар – тренинг аз ҷониби Моёншо Шодмонович иштирокчиён ҳам арзи сипоси худро ба ташкилкунандагони он расонида, дархост намуданд, ки чунин чорабиниҳои ба баландшавии малакаю дониши касбиашон мусоидаткунанда тез – тез доир шаванд.

                                                                                                   Мардон Қурбонов,                                                                                                            вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо