[:tj]Аз ҷумлаи субъектҳои хоҷагидори дар вилояти Суғд фаъолиятбаранда давоми солҳои охир асосан ҶДММ «Мирзо ва К» ба фаъолияти бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия машғул аст. Ин ҳолат соли равон низ ба мушоҳида мерасад. Бояд гуфт, ки ширкати болозикр 15 сол боз бо хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Волгогради Федератсияи Россия ҳамкории босамарро роҳандозӣ менамояд ва ба боварии муҳоҷирони меҳнатӣ даромадааст. Муҳоҷирон аз он қаноатманданд, ки аз ҷониби ҷамъият тамоми шартҳои дар шартномаи дуҷониба нишондодашуда саривақт иҷро мешаванд. Дар баробари сафарбаркунии муташаккилона ва бо кор таъмин намудан ҶДММ «Мирзо ва К» онҳоро бо ҷойи зисту истироҳат, либоси корӣ, хўроки гарм ва маоши хуб ҳам таъмин менамояд. Илова бар ин маблағи роҳкирои муҳоҷирони меҳнатӣ ва расмикунонии ҳуҷҷатҳояшонро низ ширкат мепардозад. 31 март аз ҷониби ҶДММ «Мирзо ва К» гурўҳи навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз вилояти Суғд ба Волгоград гуселонида шуданд. Бино ба иттилои роҳбалад Муродҷон Рустамов шумораи онҳо 63 нафар буда, ҳамаашон сокинони ноҳияи аграрии Спитамен, Ҷ. Расулов ва Б. Ғафуров мебошанд ва дар корҳои деҳқонӣ таҷрибаи зиёд доранд. Бо гусели ин гурўҳ шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатии соли равон бо кор таъминнамудаи ҶДММ «Мирзо ва К» аз 300 нафар гузашт. Ба муносибати гусели ин гурўҳ бо ширкати кормандони васоити ахбори омма тантана доир гардид, ки дар он мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Рустам Ҷамолов низ иштирок дошт. Мавсуф баъди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни муҳоҷирон аз номи Раёсат ба онҳо роҳи сафед таманно кард.
Мардон Қурбонов, вилояти Суғд[:]