[:tj]Бо мақсади омўзиши ҷараёни иҷрои қарорҳои аз 26 ноябри соли 2015, №520 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2018 ва аз 23 декабри соли 2016, №540 «Дар бораи Нақшаи миёнамўҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2016 – 2018» ва расонидани ёрии амалию методӣ ба шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент гурўҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ин шаҳр сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафари корӣ мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат Ҳусейнҷон Зоидов бо роҳбарияти шаҳр вохўрда, оид ба масъалаҳои вобаста ба ҷараёни иҷрои қарорҳои болозикри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Панҷакент ахборот пешниҳод намуд.
Сипас дар мавзеи Дашти Маллаи ҷамоати деҳоти Амондара, ки ба он ҷо 12 оилаи муҳоҷирони экологӣ ва 4 оилаи муҳоҷирони дохилии соли 2018 кўчонида шудаанд, вохўрӣ гузаронида шуд. Ҳангоми сўҳбат бо муҳоҷирон маълум гардид, ки ин оилаҳо дар натиҷаи омадани сел ва пурра вайрон гардидани хонаҳои истиқоматии худ дар деҳаи Амондараи ҳамин ҷамоат ба мавзеи Дашти Малла кўчонида шудаанд.
Дар асоси дархости муҳоҷирон аъзоёни гурўҳи корӣ вобаста ба ҳалли масъалаи таъминот бо об бо муовини раиси шаҳр Шодизода Парвиз вохўрданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои истифодаи оби полезӣ аз канале, ки 30 метр болотар аз мавзеъ мегузарад, иҷозати расмӣ дод. Муаммои таъминот бо оби нўшокӣ бошад, тибқи нақша дар ҷаласаи комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирони дохилӣ ва экологии назди МИҲД – и шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Сипас гурўҳи корӣ ҳолати риояи интизоми меҳнатӣ аз ҷониби кормандон ва ҳуҷҷатгузориро дар шуъба санҷид. Маълум гардид, ки ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, камбудиҳои қаблан ошкоргардида пурра бартараф шудаанд.
Ба сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент Фирдавс Умаров тавсия дода шуд, ки дар самти баргардонидани маблағи карзҳои имтиёзноки мўҳлаташон ба анҷом расида аз ҷониби муҳоҷирон корро ҷоннок намоянд.
Мардон Қурбонов
[:]