[:tj]Аз 8 июли соли 2018 дар Федератсияи Россия Қонуни федералӣ №ФЗ-163 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қонуни федералӣ» «Оид ба қайди муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ФР» аз 27 июни соли 2018 ба қувваи амал даромад. Мувофиқи тағйироти ба қонун воридшуда, минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бояд танҳо дар манзиле, ки воқеан зиндагӣ мекунанд, ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд. Мувофиқи талаботи нави қонунгузорӣ, агар ташкилоту муассисаҳо хобгоҳ ё ин ки манзилу иншооти барои хобу истироҳат пешбинишуда надошта бошанд, ҳуқуқи ба қайди муҳоҷиратӣ мондани шаҳрвандони хориҷиро надоранд. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар хонаҳои шахсони алоҳида иҷоранишин буданд, тибқи қонуни нав бояд дар қайд муҳоҷиратии манзили иҷораашон гузошта шаванд.
Қонуни нав имкон медиҳад, ҷониби қабулкунанда, яъне корфармо ё ки соҳибони хона, ки шаҳрванди хориҷиро дар манзили худ ба қайд гузоштаанд, мустақиман, якҷониба ва бе огоҳӣ шаҳрванди хориҷиро аз қайди муҳоҷиратӣ барорад.
Тибқи талаботи қонун нафароне, ки то қабули меъёри нави қонунгузорӣ қайди муҳоҷиратӣ доштанд, то анҷоми муҳлати қайди муҳоҷиртиашон метавонанд будубош намоянд. Вале баъди анҷоми муҳлати қайд, бояд дар манзили будубоши воқеияшон худро ба қайд гузоранд.
Айни замон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии он дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҷиҳати сари вақт огаҳ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин тағйирот корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда истодаанд.
Бинобар аз муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ин давлат будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки аз тағйироти мазкур огаҳ бошанд ва онро ҳатман риоя намоянд.
Раёсати муҳоҷирати аҳолии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
[:]