[:tj]
Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Муҳоҷир»-и Хадамоти муҳоҷират бо мақсади шиносоӣ фаъолияти кории ҳизб роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо кормандони дастгоҳи марказии Хадамот мулоқот баргузор намуданд.
Дар вохўрӣ сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ва муовинони он, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, инчунин кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Хадамот ширкат варзиданд.
Зимни чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад аҳамияти калон доштани тадбирҳои амалӣ намудаи ҳизб сухан ронда, нақшаҳои ояндаро дар назди кормандони Хадамоти муҳоҷират ироа намуд.
Ҳамзамон дар мулоқот вобаста ба масоили мубрами рўз: тарғиби идеологияи солими миллӣ ва татбиқи барномаҳои ҲХДТ, дастгирии сиёсати давлату Ҳукумат, тарбия ва ҳидояти насли ҷавон дар рўҳияи ватанпарастӣ, худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба ин васила пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, маҳкум намудани падидаи манфур ва номатлуби экстремизи ва тарроризм, инчунин, дар ниҳоди ҷавонон парваридану тарғиб ва ҳидоят дар руҳияи ватандўстию инсондўстӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ ва пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона ва бегонапарастӣ суханронӣ карда шуд.
Бемуҳобот, ташаббуси Пешвои муаззами миллати мо оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштани соли равон писанди тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар гардида, дар муддати кутоҳ байни аҳолии Тоҷикистон дастгирии умум пайдо кард. Зеро ин ташаббуси хирадмандонаи Президенти муҳтарами мо мафҳумҳои баландаризиши ба амну суботи комил расидани кишвар, ба даст овардани муваффақиятҳои бузург дар сатҳи сиёсату иқтисод, пешрафти самтҳои рўзгор, ободиву бунёдкориҳо ва аз ҳама асос дигарбора муаррифӣ намудани самимияту меҳмоннавозии тоҷикон ба мардуми оламро ифода менамуд, – қайд кард Гулаҳмадзода.
Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират аз баргузории чунин як мулоқоти судманд изҳори қаноатмандӣ намуда изҳор доштанд, ки чунин чорабинӣ бештар доир карда шавад.
Анвар Юсупов[:]