[:tj]Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, чанде пеш Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Амали нек», ки дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти дастгирии муҳоҷирони меҳнатиро ба имзо расониданд.
Дар асоси он ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек» ба шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ё аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд, як қатор хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳуқуқию маърифатиро ба таври ройгон пешниҳод менамояд. Ҳамчунин хоҳишмандон метавонанд дар курсҳои кўтоҳмуддати ташкил намудаи ТҶ «Амали нек» ба таври ройгон касбҳои мухталиф ва забони русиро омўзанд.
12 сентябр дар истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд, воқеъ дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аксия ё худ чорабинии нахустини нақшавӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО гузаронида шуд. Ёдовар мешавем, ки ҳар ҳафта дар рўзи чоршанбе қатораи хатсайри «Хуҷанд – Москва» аз ҳамин истгоҳ ба роҳ мебарояд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муассисаи давлатии «Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» ва ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек» ва дастгирии ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии СФШҒ – Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ: Тандурустӣ ва ҳуқуқ барои гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ – 2.0» роҳандозӣ гардид.
Сарвари муассисаи давлатии «Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» Ф. Комилов шахсан ҳамроҳи гурўҳи мобилӣ ташриф оварда, Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Равшанҷон Раҳимов, мутахассиси пешбари ҳамин шуъба Рустам Ҷамолов, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан Алишер Хидиров намояндагӣ карданд.
Аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек» таҳти сарварии Абдухолиқ Абдураҳмонов кормандони иҷтимоӣ Рухсора Турсунова ва Шаҳноза Шарипова, кормандони саҳроӣ Олеся Тремасова, Диловар Холиқов, Осимҷон Иномҷонов ва Фурқат Ашрапов, духтур – машваратчӣ Ҷамолиддин Мамараҷабов ва духтур – ташхисгар Раҳматулло Абдуллоев дар ташкил ва гузаронидани аксия саҳми арзанда гузоштанд.
Чорабинии муштарак аз соати 9 то соати 15 идома ёфт. Дар умум 236 нафар муҳоҷирони меҳнатии сафаркунанда ва аъзои оилаи онҳо бо корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуданд.
Ҳамзамон 67 нафар муҳоҷирони хоҳишманд бо машварати то тестӣ ва ташхиси ВНМО фаро гирифта шуданд, ки хушбахтона, дар рафти он ягон ҳодисаи сироятёбӣ ошкор нагардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ ва суҳбатҳои инфиродӣ бо муҳоҷирон чанд номгўй маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ таҳти унвонҳои «Чиро дар бораи ВНМО ва бемории сил бояд донист?» (643 нусха), «Инфексияҳое, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд ва бемориҳои пўст» (350 нусха), «Муошират оид ба ВНМО ва бемории сил» (600 нусха), «Ҳуқуқи дастгиршуда» (60 нусха), «Бемории сил табобатшаванда аст» (350 нусха), «Гардасти фитодаро бигирӣ…» (350 нусха), «Аз санҷиши ВНМО гузар!» (350 нусха, «Бо худ бигир ба роҳ!» (60 нусха), «Гепатит» (60 нусха) ва «Муҳоҷирати меҳнатӣ» (50 нусха) ройгон тақсим гардид.
Чорабинии навбатии муштарак тибқи нақша дар истгоҳи нақлиётии «Роҳи Абрешим» гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд
[:]