[:tj]Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришу вазифагузориҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду пешрафти соҳаҳо ва ободонии диёр ҷалб намудани соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзӣҳамчун шарикони рушди кишвар дар маркази диққати Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд қарор дорад ва ҳамасола дар ин самт корҳои муайян ба иҷро мерасанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020», ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо ва ҷалб намудани диққати соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзии шароитдошта ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба саҳмгузорӣ дар ободонии диёр дар радифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамчунин бо Маркази фарҳангии ҷамъиятии тоҷикон “Сино” ва Маркази ёрии ҳуқуқӣ – иҷтимоӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирон “Золотой Челнок”-и шаҳри Рязан, Ташкилоти ҷамъиятии “Аҷам”-и шаҳри Санкт – Петербург, Маркази фарҳангии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Калининград, Ҷамъияти фарҳангии “Осиёи Марказӣ” дар Карелия, Ташкилоти ҷамъиятии “Ваҳдат” ва Маркази миллии фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Оренбург, Агентии ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони шаҳри Қазон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Сомон”- и шаҳри Кемерово ҳамкорӣ намуда истодааст.
Дар давоми нимсолаи аввал ва моҳҳои августу сентябри соли 2018 ҳам Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷамъ овардани маълумоти муфассал дар бораи ҳамватанон ва соҳибкорони бурунмарзӣ, ки дар корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманд, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншоотҳо, ғамхорӣ нисбати ҳамватанон дар дохили Тоҷикистон ё дигар кишварҳои хориҷӣ саҳми арзанда доранд, корбарӣ намуданд.
Дар маълумотномаҳо дар баробари зикри ному насаб, суроға, намуди фаъолияти соҳибкорон ҳамзамон корҳои дар самти бунёдкорию созандагӣ иҷронамуда, амалҳои хайриявӣ ва рўйхати иншоотҳои сохтаю шумораи ҷойҳои кории фароҳамовардаи онҳо ба таври дақиқ нишон дода, ҳамзамон дар бораи нафарони дар ин самтҳо пешқадам маълумот ҷамъ оварда шуд.
Таҳлилҳо нишон дод, ки дар самти фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, амалҳои хайриявӣ ва ободонии диёр, бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун махсусан соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Бўстон, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Айнӣ, Ашт ва Мастчоҳ пешқадам мебошанд.
Гурўҳҳои кории Раёсат ва намояндагони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо зимни ташкили мулоқоту вохўрӣ бо аҳолӣҳамеша ба ҳамватанони бурунмарзӣҳамчун шарикони рушди кишвар таваҷҷўҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз онҳо даъват ба амал меоранд, ки ҷавобан ба ҳидояту дастурҳои Пешвои муаззами миллат барои халқу диёри худ содиқона хизмат кунанд ва сазовори иззату эҳтироми мардум шаванд.
Боиси қаноатмандист, ки масъалаи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣҳамчун шарикони рушди кишвар дар меҳвари фаъоли яти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ қарор дорад ва дар самти мазкур мунтазам чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Аз ҷумла дар асоси қарори Раиси вилоят аз 27 августи соли 2018, №371 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани Анҷумани 1-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд” санаи 7-уми сентябр дар Маркази таълимию истироҳатии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат муҳтарам Давлаталӣ Саид, Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, соҳибкорони ватаниву бурунмарзӣ ва дигар шахсони даъватшуда Анҷумани 1-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд доир гардид. Зиёда аз 65 нафар соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба ин чорабинӣ аз ҷониби Раёсат даъват карда шуданд
Анҷумани мазкур ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзҳои вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон дар вилояти Суғд, Намоишгоҳи молу маҳсулот ва Анҷумани доираҳои соҳибкории вилоятҳои Суғду Самарқанд ва дигар чорабиниҳои идона ҳамрадиф омад. Бо назардошти ин, вакилону иштирокчиёни Анҷумани 1-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд дар ҳамаи ин чорабиниҳо ширкат варзиданд ва давоми ду рўз Сардор ва намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷират ҳамроҳи онҳо қарор доштанд.
Ёдовар, мешавем, ки дар Анҷумани 1-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд наздик ба 70 нафар соҳибкорони тоҷик, ки дар вилоятҳои гуногуни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолияти соҳибкорӣ доранд, иштирок намуданд.
Мақсад аз ташкил ва гузаронидани ин чорабинии муҳташам тақвият бахшидан ба рушди устувори иқтисодӣ, ҷалби имкониятҳои сармоягузории соҳибкорони бурунмарзӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Боиси қайд аст, ки дар ташкил ва гузаронидани анҷуман ба ҳайси ҳамкор Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ саҳми арзандаи худро гузошт.
Ҳамин тавр Анҷумани нахустини соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.
Мардон Қурбонов
[:]