[:tj]Забон ин муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат ба шумор рафта, бозгукунандаи меъроси бузургӣ илмию фарҳангӣ аст. Забон поягузори аслии истиқлолияти давлат буда, истиқлолияти забонӣ ин истиқлолияти давлат мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик тавонист дар тули асрҳо забони модариашро аз фанношавӣ ҳифз намояд ва ба наслҳои имрӯза ба меърос гузорад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадима ба ҳисоб рафта, то ба имрӯз ҳамчун як забони шевою бурро ва ширин боқи мондааст ва тасдиқи ин гуфтаҳоро мебояд аз ашъори Иқболи Лоҳурӣ ҷуст, ки чунин мефармояд.
Гарчи ҳиндӣ дар узубат шакар аст,
Лафзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Бояд қайд намуд, ки бо забони тоҷикӣ дар Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон (Самарқанд, Бухоро, Сурхандарё ва ғ), қисмати шарқии Покистон гуфтугу менамоянд. Ҳамзамон ин забони нобро дар Эрон порсӣ, дар Афғонистон дарӣ, дар Тоҷикистон тоҷикӣ мегуянд аммо ҳар ончизе, ки мегуянд қадру манзалати он то баҳол аз даст нарафтааст ва нахоҳад рафт. Зеро бо ин забон адибони классикию муосири тоҷик аз назму наср кохи баланде сохтаанд, ки наметавон ба он газанде расонд.
Забон бешубҳа таҷассумгари таърихи пуршебу фарози ҳар миллат ба ҳисоб рафта муарификунанадаи давлат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Чунки забони ҳар қавму миллатӣ дунё ин ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз ҳамагуна мушкилоту монеаҳои гуногуни ба амал овардаи таърих гузашта, ҳамчун мерос ба наслҳои имрӯзу фардоаш мондааст.
Хушбахтона миллати мо ҳам тавонист, ин ёдгории бемисли худро дар радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгонамон ҳифз намуда онро то ба имрӯз чун туҳфае аз гузаштагон ба ворисони аслии худ тақдим намояд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳояшон борҳо таъкид намуданд, ки «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Забон ҳифз кунандаи ҳуввияти миллӣ буда, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмин кунандаи якпорчагии давлат дар ҳама давру замон мебошад. Як назар ба умқи таърих андозем шоҳид он мегардем, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат ва ё халқият аз байн рафтааст, ҳамчуноне ки фаноёбии забон ин аз байн рафтани миллату давлат аст.
Дар замони ҷаҳонишави хатару аз байн рафтани забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ ҷой дорад ва метавонад ҳар лаҳза ба забони модарии мо хатари нестшави таҳдид намояд. Ин буд, ки бо дастуру ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 5 октябри соли 2009 қабул гардид.
Қонуни мазкур забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инунин шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба танзим медарорад. Дар моддаи 3–и ҳамин қонуни чунин дарҷ гаштааст, ки “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, итимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Инчунин ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд”. Қонун номбурда аз 7 боб ва 28 модда иборат буда, ба танзим дарорандаи забони давлатӣ ва рушди намудани он мусоидат менамояд. Ҳамасола дар кишвари азизамон рӯзи 5 октябр –ро ҳамчун “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн мегиранд, ки ин ҳам арҷгузори ба хотири забони модариамон мебошад.
Бигзор миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо забони ҳакимонаву шоиронаи худ муарификунандаи миллату давлати хештан бошанд.
Далер Ҳалимов
мутахассиси шуъбаи муносибатҳои
байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва
ҳамватанони бурунмарзӣ
[:]