Муҳоҷирони экологӣ бо қитъаи замин таъмин гардиданд

[:tj]Дар иртибот, ба масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ боят зикр кард, ки масъалаҳои мазкур яке аз муҳимтарн самти сиёсати иҷтимоии ҷомеаи навини мо мебошад ва пайваста дар мадди назари Пешвои милллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад

Дар ин замина, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, № 502 «Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кучонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017-2020» қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 августи соли 2018, «544 «Дар бораи додани қитъаи замин ба муҳоҷирони экологӣ барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ, дар  минтақаи 7-уми маҳаллаи «Ховарон»-и  ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душабе» ба имзо расид.

Ҳамзамон, аз ҷониби раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмни муқаррароти қарори номбурда як зумра қарорҳо ба анҷом раснида шуданд. Аз ҷумла, рўзи 11 сентябри соли 2018 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душабе ҷаласаи гурўҳи кори Комиссияи маҳаллӣ оид ба муҳоҷирати экологӣ бо иштироки сардорони хоҷагиҳои муҳоҷирони экологие, ки кучонидани онҳо аз мавзеҳои хавфнок ба ҷойҳои бе хавф тибқи нақша дар марҳилаи дуюм (соли 2018)  дар назар аст, баргузор гардид.

13 сентябри соли ҷорӣ дар  минтақаи 7-уми маҳаллаи «Ховарон»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маъракаи қуръапартоӣ бо иштироки аъзоҳои гурўҳи кори Комисияи маҳаллӣ ва сардорони хоҷагиҳои муҳоҷирони экологӣ барпо гардид. Дар натиҷаи қурапартоӣ сардорони 10 хоҷагиҳо (аз 16 адад хоҷагиҳо) – и муҳоҷирони экологие, ки дар ин маърака иштирок доштанд, соҳиби қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ гардиданд.

Ҳамзамон, ба маълумоти сокинони шаҳри Душанбе мерасонем, ки фаолият дар самти муҳоҷирати экологӣ таҳти назорати ҳамарўзаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

                                                                                Давлат Азизов   

                                                                 мудири бахши муҳоҷирати экологии

                                          Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо