[:tj]15 ноябр дар маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бахшида ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, маҷлиси ботантана баргузор гардид.
Дар он сардори Хадамот Тоҳир Каримзода, муовини аввал, кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳи дар назди ҳозирин сардори Хадамот Тоҳир Каримзода баромад намуда, қайд намуданд, ки Президенти кишвари мо кафили ҳифзи якпорчагии кишвар, нигоҳ доштани фарҳангу суннати миллат, сулҳу оромӣ, ташкили кору зиндагии шоиста барои шаҳрвандон ва ҳифзи марзу буми мамлакат аст.
Нақши Президенти мо дар сарнавишти имрӯз ва фардои миллати тоҷик басо муассир аст ва ҳамаи онҳое, ки пешрафту тараққиёти онро мехоҳанд, аз Сарвари давлати худ пуштибонӣ хоҳанд кард.
Гиромӣ доштани Рӯзи Президент бори дигар назар андохтан ба таърихи гузаштаи худ, таҳлили амиқу беғаразонаи ҳодисаву воқеаҳое, ки аз сари мо гузаштанд ва муҳимтар аз ҳама, ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳаводиси талх дар ҷомеаи тоҷикон мебошад. Насли имрўз ва фардо бояд донад, ки ин фазои ором бо чӣ заҳмату ҷонбозиҳо ба даст оварда шуд.
Вақте Сарвари давлати тоҷикон дар бораи сохтмони НБО «Роғун» ҳарф заданд, миллати тоҷик, ки иродаи матину устувори Пешвои худро медонист, ин воқеиятро бе дудилагӣ пазируфт. Чаро, ки ин марди Худо мардумро чандин бор аз мушкилот наҷот додаву ба сӯи созандагию бунёдкориҳои бемисл роҳнамоӣ карда буданд. Мардум ба он кас чун ҳарвақта боварӣ доранду эътимод кардаанд. Мардуме, ки замоне бар асари зулмоти ҷаҳолат ва бо даъвати хоинону бегонагон дар хиёбонҳо барои куштани ҳамдигар рехта буданду бо даъвати он кас оғўш барои ҳамдигар кушоданд ва сулҳро пойдор кардаву нигоҳ доштанд, ин дафъа бо даъвати Пешвои созандаи худ барои дастгирӣ аз тарҳи Роғун ва ба хотири расидан ба равшании комил ба хиёбонҳо рехта, барои саҳм гузоштан дар сохтмони ин кохи нур дар атрофи Пешвои худ муттаҳид гаштанд.
Бо сохтмони ин иншооти муҳим Пешвои миллат ба ҷаҳониён нишон доданд, ки воқеан он миллате, ки тоҷик ном дораду Пешвояш бо номаш сидқан ифтихор дорад, миллати тавонову созанда аст. Халқи тоҷик бо муттаҳид шудан атрофи ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат нишон дод, ки ин ҳама камар бастанҳо ба хотири татбиқи ҳадафи олӣ-бунёди неругоҳи «Роғун аст. Раванди ин марҳила нишон дод, ки Пешвои миллат воқеан бунёдгари кохи нуру равшанист,- афзуд Каримзода.
Сипас ба як зумра кормандони ҷавони дастгоҳи Хадамот шаҳодатномаҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) супорида шуд.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни ҳамоиш фильми мустанад бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Анвар Юсупов
[:]