Кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии мамнӯъшуда

[:tj] 

Имрӯзҳо мо бо нафарони зиёде вомехӯрем, ки бо сабабҳои гуногун воридоташон ба Федератсияи Россия қатъ гардидааст, дар кофтукоби ҷойи кор мебошанд. Мутаасифона, баъзе аз шаҳрвандон барои кушодани роҳашон аз ҳар гуна маслиҳати “хирсона” ғайриқонунӣ истифода бурда, ному насабашонро иваз менамоянд ва дар натиҷа барояшон хатари нав эҷод мекунанд.

Кормандони шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба он назаранд, ки барои пешгирӣ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ғайриқонунӣ рафтанашон ба Федератсияи Россия манъ мебошанд онҳоро ба рӯйхат гирифта онро ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе барои ба ҷойи кор таъмин намудан, ирсол менамоянд.

Ҳамарӯза дар шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба талаботҳои нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дошта, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқарраргардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводҳои зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷират (собиқ Хадамоти федералии муҳоҷирати минтақавӣ (ФМС) барои гирифтани патент ва риояи мӯҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва эҳтимолӣ, ба вуҷуд омадани мушкилиҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пешниҳод менамоянд.

                                                                      Насим Раҷабов

                                               сардори шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ

                                            бо муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти

                                                              муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо