[:tj]
Дар соли 2018 ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби вазорат дар маҷмӯъ 19 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки 2 адад лоиҳаи қонун, 1 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 лоиҳаи Ёддошти тафоҳумро ташкил медиҳанд.
Муовини аввали Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сангинзода Эмин Нуъмон 7 феврал дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Душанбе зимни натиҷагирӣ иброз намуд, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2018-ум 1220,1 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 84,93 сомонӣ ё 7,5 фоиз зиёд шудааст.
Дар соҳаҳои бахши воқеӣ музди миёнаи меҳнати аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо 2335,92 сомонӣ, сохтмон 2194,15 сомонӣ, неруи барқ, газ ва таъминоти об 1743,26 сомонӣ ва сатҳи пасттарини он дар соҳаи кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 499,2 сомонӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар робита ба пешгирию бартарафсозии қонунвайронкуниҳо ва ҷуброни ҳаққу ҳуқукҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли 2018 фаъолияти 2202 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода шуд, ки аз ин теъдод 1568 санҷиши нақшавӣ, 566 санҷиши ғайринақшавӣ ва 33 адад санҷиши такрорӣ мебошанд.
Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта, 7870 қонунвайронкуниҳо ошкор гардиданд, ки аз ин 6057 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1021 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 157 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 635 ҳолат ба масъалаҳои шуғл иртибот дошта, ба 3547 ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва 4323 ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ мансуб мебошанд. Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда маблағи 28 млн. 896,3 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид ва ба шаҳрвандон пардохт карда шуд.
Сангинзода Эмин Нуъмон афзуд, ки дар соли 2018 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 129681 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 92631 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 55332 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ, 63115 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 4353 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3961 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.
Дар асоси 255 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 5501 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 16632 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. Ба 11137 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид.
Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 722 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 6696 нафар корҷӯ дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд, ба 5859 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд ва 1733 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 32994 нафар хизматрасонии касбӣ расонида шуд. Бевосита тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ 14288 нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.
Мувофиқи маълумоти фаврии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 165924 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст, аз ҷумла 78335 (47,2 фоиз) ҷойҳои кори доимӣ, 39595 (23,8 фоиз) ҷойҳои кори муваққатӣ ва 42764 адад (25,8 фоиз) ҷойҳои кори мавсимӣ мебошанд.
Давоми соли 2018 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 3961 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 12 млн. 243 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд.
Шаҳрвандони бекор зимни бархӯрдор шудан аз кумакҳои молиявӣ ба фаъолияти тиҷоратӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва истеҳсолот машғул мешаванд. Аз ҷумла, дар соли 2018 барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ 1640 нафар дар ҳаҷми 5 млн. 397,8 ҳазор сомонӣ, барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ 1244 нафар ба андозаи 3 млн. 844, 3 ҳазор сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ 1077 нафар ба маблағи 2 млн. 460,8 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок гирифтанд.
Ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 1257 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 4 млн. 32,5 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд.
Оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ Н. Сангинзода ба хабарнигорон иброз намуд, ки тибқи маълумоти варақаҳои муҳоҷиратӣ аз ҷумҳурӣ 484 176 нафар ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки аз инҳо 419 664 нафар мард ва 64 512 нафар зан мебошанд. Аз ҷумла, ба Федератсияи Россия 463 252 нафар ва ба Ҷумҳурии Қазоқистон 13 586 нафар сафар кардаанд. Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 581 нафар, ё ин ки 1 % кам шудааст. Дар ин давра аз хориҷи кишвар 424 490 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба ватан бозгаштанд, аз ин миқдор 352 245 нафар мард ва 72 245 нафар зан мебошанд, ки дар қиёс ба соли 2017 – 11 830 нафар, ё ин ки 3% зиёд мебошад.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон 14 – 15 марти соли 2018 дар ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷрои он, дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расонида шуданд.
Дар соли 2018 як қатор чорабиниҳои муштараки байниҳукуматӣ, аз ҷумла Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаҳои Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия аз 16 октябри соли 2004, Форуми 6-уми байнипарлумонии Россия-Тоҷикистон: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ баргузор гардида, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, поймолшавии ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дар гузаргоҳҳо, ба таври маҷбурӣ ба расмият даровардани полиси суғуртаи тиббӣ дар фурудгоҳҳои Россия, тамдиди муҳлати фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсия Россия то 3 сол ва барасмиятдарории патент дар сурати доштани қайди муҳоҷиратӣ ва тамдид намудани муҳлати будубоши муваққатии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ҳамроҳашон зиндагӣ мекунанд, инчунин ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ва тартиби будубоши шаҳрвандони Тарафҳо дар ҳудуди давлатҳои ҳамдигар мавриди баррасӣ ва муҳокимаи Тарафҳо қарор гирифтанд.
Инчунин, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари кории худ ба шаҳри Москва (4 – 6 декабри соли 2018) бо муовинони Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Бушмин Е.В. ва Умаханов И.М., муовини якуми Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Горовой А.В. мулоқот доир намуда, масъалаҳои мубрами муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияро масъалагузорӣ намуданд.
Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба муддати муайян ба дигар давлатҳо манъ гардидааст, аз ҷониби сохторҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5632 нафар ба касбомӯзӣ ва 2757 нафар барои бокортаъминшавӣ дар дохили кишвар тавсия дода шуда, дар натиҷа 1462 нафар соҳиби касб ва 812 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ҳамзамон ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ иҷозатнома доранд, таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватаниро риоя намуда, 12816 нафарро, ки воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ шудааст, ба кор ҷалб намуданд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2018 – 13628 нафар чунин шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар таъмин карда шуданд.
Бо мақсади пешбурди корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳалҳо дар соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, фурудгоҳҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ, ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва дар дигар чорабиниҳо 2 729 вохӯриҳою суҳбатҳо бо аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ гузаронида шуданд.
Инчунин, дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ 154 845 адад дастур, китобча, баннер ва буклетҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва дигар буклетҳои иттилоотӣ чоп ва дастраси муҳоҷирон карда шуданд.
Дар соли сипаришуда ба дафтари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 35 ҳазору 200 муроҷиату дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардидаст.
Бо дахолати Намояндагӣ дар ин муддат 32 млн. 372 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони кишварамон аз тарафи корфармоён, баргардонида шуда, бо мусоидати Намояндагӣ 30 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбати шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуданд.
Кормандони Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва фаъолони диаспораҳо, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия 138 вохӯриву суҳбатҳо ва бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷойҳои корию будубош, марказҳои тиҷоратӣ, ошхонаю қаҳвахонаҳо, инчунин минбари масҷидҳо дар самти пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ 148 вохӯриву суҳбатҳо гузарониданд.
Дар соли 2018 аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар асоси квотаи муқарраршуда ба 6837 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиистон иҷозат дода шудааст.
Бояд гуфт, ки тибқи нақшаҳои тасдиқгардида дар соли 2018 ба 483 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 357 оилаи муҳоҷирони экологӣ дар мавзеъҳои нави зист қитъаҳои замин барои сохтмони манзил ҷудо гардида, ҳамаи ин муҳоҷирон бо қарзи имтиёзнок ва кумаки якдафъаина таъмин гардиданд.
Айни замон дар муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 22 ҳазору 903 нафар таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин шумора 5 ҳазору 75 нафар духтар буда, 19 ҳазору 871 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 3 ҳазору 122 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил намуда истодаанд. Дар муассисаҳои мазкур 1 ҳазору 690 нафар омӯзгор ба хонандагон дарс мегӯянд ва 1 ҳазору 87 нафар устои таълими истеҳсолӣ нозукиҳои касбҳоро меомӯзонанд.
Н. Сангинзода гуфт, соли 2018 тавассути муассисаҳои таълимии вазорат дар маҷмуъ 109 ҳазору 580 нафар шаҳрвандон ба касбомузӣ фаро гирифта шудаанд. Ба омӯзиш ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ афзалият дода шуда, дар муассисаҳои таълимии вазорат дар ин давра 18 ҳазору 861 нафар занону духтарони хонашин аз руи 28 намуди ҳунарҳои мардумӣ ба омӯзиш ҷалб гардиданд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 соли “Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ, бахусус занону духтарони деҳот мусоидат менамояд. Бинобар ин, вазорат тарғибу ташвиқ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумиро дар қаламрави ҷумҳурӣ васеъ ба роҳ мондааст. Дар ин муддат дар миқёси ҷумҳурӣ 1 ҳазору 54 марказҳои ҳунармандӣ таъсис дода шуданд, ки ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсоли маҳсулоти он машғул мебошанд. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ 284 коргоҳҳои хонагии ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуданд.
Таҳияи
Анвар ЮСУПОВ [:]