Сарфаю сариштакорӣ мавзӯъҳои муҳими ҷомеа мебошад

[:tj]Сарфаю сариштакорӣ, аз харҷи беҳудаю бемавқеъ даст кашидан аз мавзӯъҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Ин нукта зимни суханронии кормандони масъули Кумитаи дин, танзими анана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобомурод Қаландаров ва Хоҷамирзода Муслиҳиддин ҳангоми дарси омӯзишӣ бо кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дарҷ гардид.

Онҳо қайд карданд, ки риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ибтикори  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои-миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул шуд, ба беҳтар гардидани вазъи зиндагии оилаҳо ва беҳрӯзии ҳаёти мардум таъсири мусбати худро расонд.

Сарвари муаззами давлат ҳанӯз 9 июли соли 1999 зимни суханрониашон дар маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба расму оинҳои халқӣ гуфта буданд: «Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем». Агар ба ин пешниҳод бо чашми ақл нигарем, дар ҳақиқат ин тасмим тақозои замон, балки ногузир буд. Ҳар як санаде, ки қабул мешавад, қабл аз ҳама аз заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ асос ёфта, ифодагари шароиту имкониятҳо ва вазъи ҳамон давру замон ба ҳисоб меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун нахустин санади миллӣ дар таҷрибаи қонунсозии кишвар дар зарфи қариб 12 сол самараҳои назарраси худро ба бор овард. Ба ибораи дигар, қабули қонуни мазкур дар ҳаёти мардуми кишвар таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоии куллиро ба вуҷуд овард. Он падидаҳои манфие, ки солҳои зиёд ҳамчун анъана ва ҷашну маросим зуҳур ёфта буданд, ба қабули таъхирнопазири конуни мазкур асос гардид.

Маҳз тавассути иқдоми саривақтии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади мазкур таҳия ва ба тавсиб расид. Чӣ тавре дар яке аз ҷамъомадҳои умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳо Президенти кишвар хотиррасон карданд: «Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдани ва ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва моросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамо ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».

Дар ҳақиқат 12 соли амали Қонун бори дигар собит сохт, ки дар раванди татбиқи он мушкилиҳо тадриҷан аз байн рафта, барои беҳтар гардидани зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам гардид.

Дар фарҷом ба саволҳои сершумори иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуд.

                                                                                         Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо