Самараи неки ҳамкорӣ

[:tj] 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар самти ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, бо касбомӯзию забономӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо ва шаҳрвандони бекор ҳамкории босамарро бо сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба роҳмондааст.

Айни замон дар шаҳр 12 муассисаву марказҳои омӯзишӣ мавҷуданд, ки дар 6 адади онҳо, аз ҷумла муассисаҳои давлатии «Литсейи касбии саноати кишоварзӣ», «Литсейи касбии саноати дӯзандагӣ», Филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», филиали муассисаи таълимии «Модули шаҳри Душанбе дар деҳаи Маҳрам» ва муассисаи таълимии «Аркон» мунтазам курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ташкил мешавад.

Маҳз бо мақсади тайёр намудани мутахассисони ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва бо касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъ гардида давоми семоҳаи аввали соли равон дар филиали МД «Маркази таълимии калонсолон» 504 нафар шаҳрвандон аз рӯи ихтисосҳои кафшергари газу барқ, танзимгари компутер, ошпаз – қаннод, барқчӣ, дуредгар, ороишгар, сантехник ва ғайра ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.

Аз шумораи умумӣ 55 нафар бо роҳхат, 278 нафар тариқи худмаблағгузорӣ таҳсил карданд. Дар ин радиф 171 нафар малакаҳои касбиашонро шаҳодатномакунонданд. Дар давраи таҳсил намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом мунтазам бо таълимгирандагон вохӯрда, дар радифи муаллимону устоҳои таълимӣ вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар суҳбатҳо оростанд.

Давоми семоҳа дар муассисаи таълимии «Аркон» 15 нафар ба омӯзиши забони англисӣ, 11 нафар ба омӯзиши забони русӣ ва дар филиали МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» 15 нафар ба омӯзиши забони англисӣ ҷалб шуданд.

Бо мусоидати бахш дар ин давра аз ҷумлаи муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта 2 нафар бо ҷои кори доимӣ, 3 нафар бо кори фардии музднок таъмин гардида, 1 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.

 

                                                                      Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                  дар шаҳри Конибодом[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо