[:tj]Дар Паёми ояндасоз ва раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардидааст,ки “Ҳар як фарди банангу номус дар обод гардонидани ватан дар диёри худ, мебояд, ки фаъолона иштирок ва ба мардум хизмати арзанда намояд”. Ҳамчунин аз ҷониби Роҳбари муаззами давлат солҳои 2019-2021-солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Аз ин ҷост, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ба ҷо оварда, ба мисли дигар манотиқи мамлакат ва шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зодагони ноҳияи Ванҷ, ки дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ташаббуси ватандӯстона ва олиҳиматона нишон дода, дар ҳалли мушкилоти сокинони деҳоти диёри худ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ба қатори чунин шахсони бо ҳиммат ва накукор, ки ба хотири рушди деҳот ва ҳамчунин сазовор истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои шоистаро ба ҷо меоранд, зодаи деҳаи Бунайи Ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ Абдулбаҳор Мирзоев мебошад. Ин ҷавонмарди меҳанпараст, соҳибкори муваффақ аз маблағҳои пасандозкардаи худ 140 ҳазор сомониро ба суръатҳисоби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Аҳмадиён” гузаронид.
Ба гуфти сарвари ин корхона Одил Аҳмадов бо ин маблағи соҳибкори тоҷик аз болои дарёчаи кӯҳии Бунайоб пули пиёдагузари дарозиаш қариб 35 метр ва паҳноиаш 1,5 метр сохтмонаш аллакай оғоз гаштааст. Бо бунёди ин пули пиёдагузар ҳоло чор нафар зодагонӣ рустои Бунай, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд ва дар корҳои сохтмонӣ малакаҳои хуб пайдо намудаанд, машғул мебошанд. Ин иншооти зарурӣ то рӯзи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар сохта, мавриди истифода қарор мегирад.
Воқеан, ташаббуси ватандӯстонаи соҳибкор Абдулбаҳор Мирзоев намунаи амали шоистаест, ки дигар муҳоҷирони меҳнатӣ, зодагони ноҳияи Ванҷ албатта ибрат мегиранд. Онҳо дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ванҷи пурганҷ саҳми муносиби худро мегузоранд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Ванҷ
[:]