Оғозе, ки анҷоми нек дорад

[:tj] 

Шоми 30-юми апрели соли равон аҳли ҷомеа тавассути воситаҳои ахбор аз рӯйдоде бохабар шуданд, ки боиси таҳсину офарин ва қаноатмандии ҳамагон гардид.  Тавассути ширкати ироқии ҳавопаймоии  «Флай ирбил» таҳти сарварии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Ироқ ва Қатар Зубайдулло Зубайдзода 84 нафар кӯдакони тоҷик, ки падаронашон ба сафҳои ташкилоти террористию экстремистии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастаанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд. Падарони гумроҳи аксари онҳо дар набардҳо қурбон гардида, модаронашон умрбод равонаи зиндон шудаанд.

Ин воқеа бори дигар нишон дод, ки дар Ватани соҳибистиқлоли мо ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз баромади иҷтимоиашон, ба насли наврасу ҷавон чун ба насли ояндасоз муносибат карда мешавад. Тоҷикистон тайёр аст, ҳар нафари гумроҳшудаи аз Ватан фироркарда ва ба сафҳои ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро пайвастаро, ки сидқан пушаймон мешаванду ба ватан баргарданд, авф намояд. Сокинони кишвар чандин маротиба тавассути оинаи нилгун ин гуна шахсонро дидаанду суханрониашонро шунидаанд, ки айни замон дар зодгоҳи худ озодона зиндагӣ ва фаъолият карда истодаанд. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амнияти миллӣ ва ниҳодҳои давлатӣ нисбати онҳо ягон хел фишору зӯроварӣ ба мушоҳида намерасад ва ин нуктаро худашон дар суханрониҳояшон гаштаю баргашта таъкид кардаанд. Ҳамин гуна муомилаю муносибати хайрхоҳона нисбат ба донишҷӯёни ғайриқонӣ дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсилкунанда ҳам, ки ба Ватан баргаштаанд, мушоҳида мешавад.

Мутаассифона, ин ҳама хайрхоҳиву бахшиданҳоро як зумра хоинони миллат аз қабили собиқ раиси ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону думравонаш намебинанду нодида мегиранд. Онҳо, ки бо номи пурвоҳимаи «Паймони миллии Тоҷикистон» ташкилоти паймоншиканон ва хоинону гурезагонро бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон созмон дода, дар ҳама ҷо ба номи Тоҷикистону тоҷикистониён иснод меоранд, барои сиёҳу бадном кардани роҳбарияти кишвар аз хурдтарин имконият ҳам истифода мебаранд. Ҳар гоҳ тавассути васоити ахбори омма нафаре аз амалҳои нангин ва хиёнати худ ба халқу Ватан пушаймон шуда, сидқан узр пурсад, онҳо даъво мекунанд, ки ин корро бо роҳи маҷбурӣ ниҳодҳои амниятию қудратӣ ташкил кардаанд. Аммо чуноне, ки шоир мегӯяд:

Дарёи муҳитро, ки  пок аст,

Аз чирки даҳони саг чӣ бок аст.

Имрӯз дар Тоҷикистони маҳбуб аз хонандаи мактаб то пири барҷомонда аз амалҳои нангин, хиёнат ва ватанфурӯшии наҳзатиён ва пайравони онҳо огоҳ ҳастанд. Ин лаънатзадагон намедонанд, дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати сарбаланд Сарвару Пешвои муаззаму маҳбуби худро дорад, ки сиёсати хирадмандона ва фаъолияти назаррасашон ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, бо кишварҳои пешрафтаи олам баробар намудани Тоҷикистон ва фароҳам овардани зиндагии босаодату шоиста ба сокинон равона шудааст.

Хирадмандон гуфтаанд, ки бахти ҳар кас дар дасти худи ӯст. Агар шахс майлу хоҳиш надошта бошад, ӯро ба иҷрои коре водор намудан чандон осон нест, ҳатто гоҳо аз имкон беру наст. Волидони ин 84 нафар кӯдаки бегуноҳ метавонистанд дар Тоҷикистон озодона зиндагӣ кунанд. Имрӯз ҳазорон нафар ҳамватанонамон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошанд ҳам, танҳо ба меҳнати ҳалол машғуланд. Дар муҳоҷират маблағ ба даст меоранд, вазъи зиндагиашонро беҳтар мекунанд ва бо сари баланд бармегарданд. Аммо нисбати он палидоне, ки дар Ватан истода ё ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан ба сафи худашон барин инсонҳои гумроҳу худозада, ватанфурӯшу хоин пайваста, ба сари мардум бадбахтӣ меоранд, чӣ метавон гуфт. Онҳоро на Худо мебахшаду на халқи Худо! Дар кадом китоби динӣ гуфта шудааст, ки бандаи Худо раваду бо номи ҷиҳод хуни бегуноҳонро резад, манзилу маконҳои ободро ба замин яксон кунад, ба ҷои ба дилҳо шодиву фараҳ овардан бори ғаму дар два кулфату мусибат орад?

Чунин кӯдакони қурбонии  падару модарони хиёнатпешаву гумроҳшуда  ва ҷавононе, ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои динии хориҷӣ таҳсил мекунанду берун аз Ватан қарор доранд, ҳоло пурра ба Ватан баргардонида нашудаанд. Лекин дар як навбат ба Тоҷикистон овардани 84 нафари онҳо гувоҳи он аст, ки масъалаи мазкур таҳти назорати давлату Ҳукумат қарор дорад. Ин бозгашт оғози корҳои бузург мебошад ва эътимоди комил дорем, ки чунин бегуноҳон то нафари охирин ба ватани аҷдодӣ баргардонида мешаванд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳатто барои волидони гумроҳшудаву ба доми фиреби аҷнабиён афтодаи онҳо имтиёз фароҳам овардааст.

Албатта, дар масири сиёсати адолатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои онҳо беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад. Гуноҳи ягонаашон ҳамин аст, ки волидони сангдилу хиёнатпешаашон ба сафҳои душманони ободиву озодӣ, қотилону зархаридон пайвастаанд. Миллати бофарҳангу сарбаланд аз хурд то калон хайрхоҳ, ғамхору парастори онҳост. Аммо оё онҳо падарону модарони худро бахшида метавонанд? Албатта не ва дуруст ҳам мекунанд. Зеро ба гуфти Саъдии Шерозӣ:

Тараҳҳум бар паланги тездандон,

Ситамкорӣ бувад бар гӯсфандон!

Оне, ки ба лаънати Худованд гирифтор шудааст, гирифтори лаънати бандагони ӯ, чи хешу чи бегона ҳам ҳаст, ҳарчанд ин нуктаро онҳо ба забон мегиранд ё на.

 

                                                                                     Мардон ҚУРБОНОВ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо