[:tj]
Дар асоси нақшаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 – 15 майи соли равон 33 нафар кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо бо аттестатсия фаро гирифта шуданд.
Қабл аз оғози аттестатсия Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Каримзода аттестатшавандагонро бо ҳайати комиссияи аттестатсионӣ, мақсад ва ҳадафҳои аз аттестатсия гузаронидани онҳо шинос кард.
Баъдан комиссияи аттестатсионӣ дар ҳайати Каримзода Т. – сардори Хадамоти муҳоҷират (раиси комиссияи аттестатсионӣ), Домуллоҷонова Б. – сармутахассиси бахши кадрҳои Раёсат (котиби комиссияи аттестатсионӣ), Меҳрӣ Олимӣ – мушовири бахши кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидов Саидасрор Ҳақназарович – сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолииҶумҳури Тоҷикистон, Лоиқ Урунзода – сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шарифӣ Зайнура Шарофзода – сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд (аъзоёни комиссияи аттестатсионӣ) бо роҳи саволу ҷавоб, муколама ва суҳбати озод дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва маҳорату малакаи касбии аттестатсияшавандагонро мавриди санҷиш қарор дод. Комисситяи аттестатсионӣ ба савияи забондонӣ ва маҳорати бо компутер ва Интернет кор карда тавонистани аттестатсияшавандагон низ эътибори махсус зоҳир кард.
Саволҳо барои пурсиш ба донистани рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи муҳоҷират аз рӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ», «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забонӣ давлатӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд ва намунаи варақаи он», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби амалӣ намудани назорати муҳоҷират», «Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба тасдиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар», «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа», «Дар бораи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд». Кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи одоби хизмати давлатӣ ва ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буданд.
Гурӯҳи аттестатсионӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона намуд, ки аттестатсия аз рӯи талаботи қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани хизматчиёни давлатӣ ҷараён гирад. Ҳамзамон ҷиҳати шаффофу холисона гузаштани аттестатсия ва баҳои воқеӣ додан ба донишу малакаи ҳар нафар хизматчии давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд. Хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва баланд бардоштани малакаи корию дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии худ дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия 31 нафар аттестатсияшудагон ба мансаби ишғолнамудаашон мувофиқ дониста, ба 2 нафар барои гузаштан аз аттестатсияи такрорӣ муҳлат муқаррар карда шуд. Дастур дода шуд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандон бо роҳи ташкили машғулиятҳои омӯзишӣ ва санҷишҳо минбаъд низ чораҳои амалӣ андешида шавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд
[:]