ТАЪМИН НАМУДАН БО ҶОИ КОР – МАҚСАДИ АСОСӢ

[:tj]Дар самти бо ҷои кори доимиву масимӣ ва корҳои ҷамъиятии музднок таъмин намудани шаҳрвандон Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд соли равон ҳам тадбирҳои мушаххас андешид ва дар самти татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро ба иҷро расонд.

Тибқи маълумотҳо дар давоми моҳҳои январ – май ба Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 20376 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 11441 нафар занон муроҷиат карданд ва 12449 нафарашон ҳамчун корҷӯй дар сохторҳои мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шуданд.

Аз ҷумлаи шаҳрвандони бекори бақайдгирифташуда занон 51,3% (4171 нафар), ҷавонони синни аз 15 то 19-сола 61,7% (5736 нафар)-ро ташкил медиҳанд.

Дар асоси Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар миқёси вилоят бо ҷои кор таъмин намудани 10560 нафар шаҳрвандони корҷӯй ва бекор ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 20 моҳи май мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ барои бо ҷои кори доимӣ таъмин шудани 7944 нафар шаҳрвандон мусоидат намуданд, ки ин нишондод ба 75,2%-и нақшаи солона баробар мебошад.

Ҳамасола бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷӯю дарёфти кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кори пешакӣ бандкардашуда, яъне квота муқаррар мегардад. Тибқи он нақша барои соли равон 865 ҷойро ташкил медиҳад. Давоми моҳҳои сипаришуда 481 нафар ин гунна шаҳрвандон бо ҷои кор таъмин шуданд, ки 55,6%-и нақшаи барномавиро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон мувофиқи талаботи бозори меҳнат аз ҳисоби шаҳрвандони бекори дар қайд буда  58% ё худ 2451 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта,  613 (аз ҷумла занҳо 281) нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд.

Аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо ва хоҷагию муассисаҳо ба ҳолати болозикр ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3167 ҷои холи кор пешниҳод гардид. Аз ҷумла: дар соҳаи саноат 663, кишоварзӣ 147, нақлиёт ва алоқа 58, сохтмон 49, савдо ва хизматрасонии маишӣ 152, манзилию коммуналӣ 282, маориф 363 ва дигар соҳаҳо 799 ҷой.

Аз оғози сол инҷониб бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта дар миқёси вилоят 123 ярмаркаи ҷойҳои холи кор гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 1946 корхонаю ташкилот иштирок ва ҷои кори холӣ пешниҳод карданд. Тавассути ярмаркаҳои доир гардида 996 нафар корҷӯяндагону бекорон бо ҷои кори доимӣ таъмин ва 227 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Дар умум шумораи шаҳрвандони ба шуғл фарогирифта шуда ба 2443 нафар баробар аст.

Ҳамагӣ то имрӯз ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби сокинони вилоят дар  давраи сипаришудаи соли ҷорӣ 277 нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан баргашта муроҷиат намуданд, ки 237 нафарашон мард, 40 нафарашон зан мебошанд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида шуда 73 нафари онҳо бо кори доимӣ таъмин,  20 нафар ба кори ҷамъиятии музднок сафарбар ва 3 нафар ба тайёрии касбӣ фаро гирифта шуданд. Барои машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ ба 22 нафар қарзи имтиёзнок дода шуд.

Зимни мусоҳибаи кӯтоҳ сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ баён дошт, ки ҳадафи асосии онҳо ҳарчи бештар бо ҷои кор таъмин намудан ва бо касбу ҳунаромӯзӣ фарогирифтани шаҳрвандон буда, барои боз ҳам тақвият ёфтани фаъолиятдар оянда кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

 

                                                                                          Мардон ҚУРБОНОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо