[:tj]
Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мирзо ва К” 15-уми июл рӯйхати навбатии муҳоҷирони меҳнатиро барои сафарбар ва бо ҷои кор таъмин намудан дар Федератсияи Русия мувофиқа кард.
Ёдовар мешавем, ки ширкати мазкур дар самти бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар вилоятҳои Москва ва Волгоград фаъолияти назаррас дошта, онҳоро асосан дар соҳаи кишоварзӣ бо кори мавсимӣ таъмин менамояд.
Гурӯҳи навбатии 23-нафараи муҳоҷирони меҳнатӣ, бино ба иттилои роҳбари гурӯҳ Зилола Баротова, асосан аз сокинони дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибадоштаи ноҳияи Спитамен иборат мебошад. Онҳо дар ноҳияи Дмитрови вилояти Москва бо кор таъмин мешаванд. Муҳлати муҳоҷирати меҳнатии ҳамаашон дар шартнома 11 моҳ нишон дода шуда, ширкат ба онҳо шароити хуби меҳнату истироҳат, будубоши қонунӣ, корҷомаву таоми гарм ва маоши сарвақтиро кафолат додааст.
Тибқи нақша гурӯҳи мазкур рӯзи чоршанбе – 17-уми июл тавассути қатора аз истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд, воқеъ дар шаҳраки Ғафуров ба Федератсияи Русия гуселонида мешавад.
Мардон ҚУРБОНОВ[:]