[:tj]Мулоқоти навбатӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни ҷавонзанону духтарон бо сокинони ноҳияи Варзоб баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб иштирок доштанд. Дар вохӯрӣ зиёда аз 120 нафар сокинони ҷамоату деҳоти ноҳия ширкат намуданд.
Зимни баргузории мулоқот корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни ҷавонзанону духтарон бо мақсади кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатие, ки рафтуомадашон ба Федератсияи Россия манъ гардидаасту хоҳиши дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва пойтахт кор карданро доранд, мехоҳанд дар кишварҳои дигари будубош фаъолият намоянд ё ба соҳибкории хурду миёна ва касбомӯзӣ машғул шаванд, дастрас карда шуд.
Дар баробари ин, варақаҳои иттилоотии «Қоидаҳои нав», «Роҳхат. Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон», «Тартиби гирифтани патент барои кор дар Федератсияи Россия», «Тартиби гирифтани иҷозат барои кор ва патент», «Ёддошт ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд» ва Осуществление трудовой деятельности в Российской Федерации на основании патента: Новые правила», «Как получить патент для работы в Российской Федерации», «Дастури кӯмакрасонӣ ҷиҳати бо кор таъмин намудани шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия» ва рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» дар байни иштирокчиён тақсим карда шуданд.
Дар ин вохӯрӣ корманди масъули бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб оид ба тағйиру иловаҳо дар самти қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия маълумот ва ба саволҳои иштирокчиён посух дод.
Анвар ЮСУПОВ[:]