[:ru]
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои боғу токпарварӣ, занбўри асалу парандапарварӣ, ғаллаю сабзавоткорӣ бамаротиб рушд намуда бошад ҳам, ҳамоно дар байни зироатҳои кишоварзӣ дар вилояти Суғд низ пахта мавқеи асосӣ дорад. Оғоз аз даҳаи дуюми моҳи сентябр дар вилоят маъракаи ғунучини ҳосили пахта расман оғоз ёфт. Чуноне ки зимни ҷамъбасти бистрўзаи аввали маъракаи ҳосилғундорӣ иттилоъ ҳдода шуд, соли равон пахтакорони вилоят дар майдони наздик ба 70 ҳазор гектар пунбадона кишта, тасмим гирифтаанд, ки 130 ҳазор тонна “тиллои сафед” ба даст оранд. Аммо тибқи ҳисобу китоби мутахассисон, дар сурати беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, имкони истеҳсоли 150 ҳазор тонна пахта мавҷуд аст.
Имрўзҳо пахтазор ба арсаи ҳақиқии меҳнати зарбдор табдил ёфта, то имрўз ба андозаи сеяки дурнамои солона пахта ҷамъоварӣ шудааст Кишоварзон ният доранд то миёнаҳои моҳи ноябр ҳосили имсоларо пурра ҷамъоварӣ намоянд.
Ҳафтаи чорум аст, ки бо масади кўмак ба пахтакорон ҳар рўзи шанбе кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатии маркази вилоят муташаккилона ба саҳро мебароянд. Бояд гуфт, ки ин иқдоми наҷиб кайҳо ба ҳукми анъана даромада, соли равон бевосита аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод оғоз бахшида шуд. Боиси қайд аст, ки ҳар ҳафта аз дастгоҳи Сарраёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуҷли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 4-нафарӣ кормандон дар ин маърака иштирок карда истодаанд. Албатта, иқдоми мазкур то интиҳои мавсими ҳосилғундорӣ идома меёбад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд
[:tj]

[:]