Оилаҳо пойдор бимонанд!

[:tj] 

Дар рафти мулоқоте, ки шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд бо 70 нафар сокинони маҳаллаи “Мевағул”, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои хонаводаи онҳо оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм доир намуд, мавзўи пешгирии аз ҳам пош хўрдани оилаҳо низ ба таври васеъ муҳокимаю баррасӣ гардид. Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи кор бо маҳаллаҳои шаҳр М. Раҷабов, сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр М. Қаҳҳорӣ, раиси кумитаи маҳаллаи “Мевағул” О. Мўсоева, мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират И. Тўраев ва мутахассиси Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд Э. Каримов иштироку суханронӣ карданд.

Сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муяссар Қаҳҳорӣ зимни суханрониаш қайд намуд, ки вақтҳои охир ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон ҳам боиси бештар гардидани оилавайронӣ шуда истодааст. Мутаассифона, ҳолати маҳз ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанашон аз баҳри зани фарзандони худ баромадан ва ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО гирифтор шудани шаҳрвандон ҳам бисёр ба назар мерасад. Аз ин рў, аз аҳли толор даъват ба амал овард, ки нисбати масъалаи мазкур бетараф набошанд, зеро пешгирӣ ва мубориза ба муқобили падидаву зуҳуроти номатлуб ҳамдастии аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Ҳамагон бояд кўшиш ба харҷ диҳем, ки оилаҳо устувору пойдор бимонанд.

Зимни саволу ҷавов ва мубодилаи афкор ба иштирокчиёни чорабинӣ маводҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дастрас гардид.

 

Мардон ҚУРБОНОВ

 

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо