[:tj]
7 январ дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират чорабинӣ оид ба омўзиши муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад ёвари сардори Хадамот Элмурод Турсунов сухан карда, иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар даврае пешниҳод гардид, ки ҷумҳуриамон вориди марҳилаи рушд гардида, ба сўи бунёдкорию созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозорӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди иқтисодӣ-иҷтимоӣ барои сокинони ҷумҳурӣ сол аз сол беҳтар гардида, лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.
Кормандони Хадамоти муҳоҷират нуктаҳои Паёмро мавриди омўзиш қарор дода, барои таъмини иҷрои саривақтии вазифагузориҳои мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои танзими раванди муҳоҷират, касбомўзонию забономўзонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби дастовардҳои истиқлолият ва сиёсати давлату Ҳукумат, пешгирии омилҳои номатлуб, бузургдошти забони давлатӣ, дастгирии ниёзмандон ва ғайра мунтазам кўшиш ба харҷ медиҳанд.
Анвар ЮСУПОВ[:]